Душанбе, 23 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел, ки бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо рух дод, идома доранд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи офати табиӣ 40 хонаи истиқоматӣ зарар дида, аз ин шумора 10 хона пурра вайрон шудааст. Ба иттилои мақомот, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳанд, сел 20 июл ба деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушон зарари ҷиддӣ расонд. Дар деҳаи Баррушон даҳ хона пурра хароб гардида, шаш хона қисман осеб дида, чордаҳ хонаи дигар зарари сабуктар гирифтаанд.
Дар деҳаи Деҳрушон чор хона қисман осеб дида, шаш хонаи дигар зарари начандон зиёд бардоштаанд.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ таҳти роҳбарии раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода ба фаъолияти шабонарӯзӣ оғоз намуд. Ситод ҳамоҳангсозии корҳои наҷотдиҳӣ, бартарафсозии оқибатҳои офат ва расонидани кӯмак ба аҳолии зарардидаро ба уҳда дорад.
Сокиноне, ки манзилҳои онҳо дар минтақаи хатар қарор доштанд, ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуда, бо маводи ғизоӣ ва дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа таъмин гардиданд.

Ҳамзамон ба ноҳия масолеҳи сохтмонӣ интиқол дода мешавад, то барқарорсозии манзилҳои осебдида ҳарчи зудтар оғоз гардад. Мутахассисон айни ҳол ҳаҷми зарарро муайян намуда, маҷрои селро тоза мекунанд ва роҳҳою дигар иншооти зерсохториро барқарор месозанд.
Ҳодисаи навбатии сел дар ноҳияҳои кӯҳистонии Помир нишон медиҳад, ки таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ба амнияти аҳолии минтақаҳои баландкӯҳ рӯ ба афзоиш аст.
Дар чунин шароит рушди низоми огоҳсозии пешакӣ, таҳкими иншооти муҳофизатӣ ва мутобиқсозии инфрасохтори маҳаллӣ ба хавфҳои табиӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Оғози фаврии фаъолияти ситоди вилоятӣ ва набудани талафоти ҷонӣ аз омодагии беҳтари сохторҳои масъул дарак медиҳад, вале барқарорсозии манзилҳо ва зерсохтори зарардида яке аз вазифаҳои муҳими рӯзҳои наздик боқӣ мемонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ
