Остона, 24 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазорати экология ва захираҳои табиии Қазоқистон ҳамкориро бо маркази омодагии Осиё ба офатҳои табиӣ ADPC (Эй — Ди-Пи-Си), ки бо коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории иқлим дар кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором машғул аст, рушд медиҳад.

Дар доираи лоиҳаи муштарак барои Қазоқистон, марказ дар таҳияи харитаи кадастри карбон иштирок мекунад. Он имкон медиҳад, ки партовҳои газҳои гармхонаӣ самараноктар пайгирӣ намуда шаванд, идора намуда шаванд ва барои коҳиш додани изи карбонии кишвар чораҳо андешида шаванд.
Самти алоҳидаи ҳамкорӣ бо пешгирии сӯхторҳои ҷангал алоқаманд аст. ADPC (Эй-Ди-Пи-Си) нақша дорад, ки бо Кумитаи хоҷагии ҷангал ва олами ҳайвонот, аз ҷумла дар масъалаҳои пешгирии сӯхтор, ташкили системаҳои огоҳкунии барвақтӣ ва тақвияти ҳифзи захираҳои ҷангал ҳамкорӣ кунад.
“Ҳамкорӣ бо ADPC (Эй-Ди-Пи-Си) марҳилаи муҳим дар роҳи рушди устувор ва амнияти экологии Қазоқистон аст”, — қайд намуданд дар Вазорати Экология.
Вазорат таъкид намуд, ки шарикии байналмилалӣ ба татбиқи ташаббусҳои стратегӣ дар соҳаи истифодаи табиат ва коҳиш додани хатарҳои иқлим мусоидат мекунад.
Аксҳо: Вазорати Экологияи ҶҚ
