Душанбе, 24 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Суғд корҳои барқарорсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон», ки аз соли 2013 инҷониб фаъолият надошт, босуръат идома доранд. Корхона, ки яке аз муҳимтарин иншооти саноати кӯҳии кишвар ба ҳисоб меравад, тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҷараёни корҳои азнавсозиро зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мавриди боздид қарор дод.
Тавре масъулон иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи лоиҳа таҷҳизоти муосири технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, айни замон корҳои насбу васл, танзим ва омодасозии хатҳои истеҳсолӣ идома доранд. Ба корҳои сохтмонӣ ва монтаж зиёда аз 210 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб шудаанд.
Пас аз ба истифода додани комбинат, то 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.
Дар марҳилаи истеҳсолӣ корхона ба коркарди маъданҳои ранга, аз ҷумла нуқра, мис ва сурб, то сатҳи маҳсулоти ниҳоӣ машғул гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ замина фароҳам меорад. Ба гуфтаи мутахассисон, захираҳои бойи маъдании минтақа фаъолияти устувори корхонаро барои солҳои зиёд таъмин хоҳанд кард.

Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ шароити мусоид муҳайё гардидааст. Истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси корхонаҳои муосир, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, рушди содирот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии саноатӣ ба шумор мераванд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон як қатор корхонаҳои бузурги саноати кӯҳӣ фаъолият дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Барқарорсозии Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» аз муҳимтарин лоиҳаҳои саноатии солҳои охир дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Ҷалби зиёда аз 50 миллион доллар сармоя барои эҳёи корхона нишон медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати гузариш аз содироти ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашударо пайгирона амалӣ менамояд.
Ба кор даромадани комбинат на танҳо иқтидори саноати кӯҳӣ ва металлургияи кишварро тақвият мебахшад, балки ба рушди содирот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозори байналмилалии маҳсулоти металлургӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Ифтитоҳи Корхонаи кӯҳию ғанисозии маъдании Адрасмон дар баробари ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар Айнӣ, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шакли нави низоми саноатии вилояти Суғдро ташаккул медиҳад.
Барқарор намудани коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ бевосита дар минтақа маънои гузариш аз модели асосан содир намудани консентрат ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагии баландтарро дорад.
Чунин равиш на танҳо самаранокии истифодаи захираҳои табииро афзоиш медиҳад, балки таъсири дарозмуддати мултипликативӣ низ ба вуҷуд меорад: ҳаҷми воридоти андоз ба буҷет зиёд шуда, сатҳи шуғл васеъ мегардад ва заминаи иқтисодии буҷетҳои маҳаллӣ тақвият меёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
