Душанбе, 25 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо иштироки қисмҳо ва воҳидҳои низомии гарнизони Суғд дар толори Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҷамъомади амалиётӣ-сафарбарӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, масъулони сохторҳои дахлдор ва намояндагони мақомоти қудратӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Пеш аз оғози ҷамъомад вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ бо роҳбарияти сохторҳои марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот анҷом дод.
Вазири мудофиа нахуст таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини мудофиаи давлат ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки танҳо дар сурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда дар самтҳои дахлдор метавон ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди кишвар, таҳкими истиқлолият ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагии мардум равона шудаанд, саҳми арзанда гузошт.

Дар ҷараёни ҷамъомад зикр гардид, ки вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, инчунин идомаи низоъҳо дар минтақаҳои алоҳида аз ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос, бахусус роҳбарони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор, тақозо менамояд, ки барои ҳифзи сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон тамоми неру, дониш ва таҷрибаи худро истифода баранд.
Дар идома масъалаҳои вобаста ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши захираҳои сафарбарӣ, омодагӣ ба баргузории Паради ҳарбӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба машғулиятҳои таълимӣ ҷалб гардиданд.
Дар доираи ин машғулиятҳо намояндагони Вазорати мудофиа, Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор оид ба самтҳои гуногуни соҳавӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини амният ва суботи кишварро баррасӣ карданд.
АКС:Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
