Остона, 24 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Қазоқистон роҳбарии Осиёи Марказиро аз рӯи ҷолибияти шаҳрҳои донишҷӯён тасдиқ намуд. Алмаато ба 13 мавқеъ баромад ва бори аввал дар рейтинги Кю-Эс Бест Студент Ситиз (QS BEST Student Cities рейтинги беҳтарин шаҳрҳои донишҷӯёни агентии байналмилалии таҳлилии Quacquarelli Symonds) ҷои 78-умро гирифт. Остона ба 8 мавқеъ то ҷои 119 баромад.

Рейтинг шаҳрҳоро аз рӯи шаш категория баҳо медиҳад: обрӯи академӣ, ҷолибият, талаботи хатмкунандагон, дастрасии таҳсилот ва истиқомат, гуногунии донишҷӯён ва арзёбии худи донишҷӯён.
Дар Алмаато нӯҳ донишгоҳ аз рейтинги Кю-Эс World University Rankings 2027 (QS World University Rankings 2027) фаъолият мекунанд. Аз рӯи қувваи умумии онҳо шаҳр дар ҷаҳон дар ҷои 50-ум қарор гирифт.
Дастрасии таҳсилоти олӣ нуқтаи қавии Қазоқистон боқӣ мемонад. Аз рӯи арзиши таҳсил ва истиқомат, Остона дар ҷаҳон дар ҷои 9-ум, Алмаато дар ҷои 24 – ум қарор дорад. Ин онҳоро аз ҷиҳати хароҷот барои донишҷӯёни хориҷӣ ҷолибтарин месозад.
Динамикаи мусбат дар ҳайати байналмилалии ҷомеаи донишҷӯён низ қайд намуда шудааст. Афзоиши мавқеъҳо баланд шудани рақобатпазирии таҳсилоти қазоқистонро тасдиқ мекунад ва мавқеи кишварро дар харитаи ҷаҳонӣ мустаҳкам мекунад.
Аксҳо: pixabay / stevepb
