Квотаи президентӣ имкониятҳоро васеъ месозад: дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷавонони истеъдодманди минтақаҳо 1670 ҷой ҷудо шуд - ИА Караван Инфо
Квотаи президентӣ имкониятҳоро васеъ месозад: дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷавонони истеъдодманди минтақаҳо 1670 ҷой ҷудо шуд

Душанбе, 27 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти олии касбӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои минтақаҳои кишвар идома дорад. Барои соли таҳсили 2026–2027 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо гардидааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳаҷми квотаи президентӣ нисбат ба соли таҳсили 2024–2025 401 ҷой зиёд шудааст. Афзоиши шумораи ҷойҳо идомаи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони деҳот, минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст, инчунин таҳкими иқтидори кадрии минтақаҳоро инъикос мекунад.

Тақсимоти ҷойҳои квота бо дарназардошти эҳтиёҷоти иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо амалӣ шудааст. Барои вилояти Хатлон 650 ҷой, вилояти Суғд 446 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 364 ҷой ва барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 210 ҷой пешбинӣ гардидааст.

Квотаи президентӣ яке аз муҳимтарин ташаббусҳои иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати гирифтани таҳсилоти олӣ ба ҷавонони боистеъдоди минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон равона шудааст. Амалисозии ин барнома дастрасии ҷавононро ба таҳсилоти муосир васеъ намуда, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар минтақаҳои кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳар сол Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамоҳангӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёнро аз рӯи квотаи президентӣ тасдиқ менамояд. Ҳуҷҷат дар асоси пешниҳодҳои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, талаботи воқеии иқтисодиёт ва бахши иҷтимоиро ба назар мегирад. Диққати асосӣ ба омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, муҳандисӣ ва дигар самтҳои муҳими рушди устувори кишвар равона шудааст.

Ффзоиши квотаи президентӣ то 1670 ҷой идомаи сиёсати ҳадафманди давлат дар рушди сармояи инсонӣ мебошад. Омода намудани мутахассисони соҳибкасб барои минтақаҳо ба коҳиши норасоии кадрҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисоди воқеӣ мусоидат намуда, имконияти дастрасии ҷавонони деҳотро ба таҳсилоти олӣ васеъ мекунад ва барои рушди мутавозини ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Тақсимоти афзалиятноки ҷойҳо миёни вилояти Хатлон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ сиёсати давлатро дар самти таҳкими иқтидори кадрии ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон инъикос менамояд.

Акс: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон