Душанбе, 27 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 25 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ боздид намуда, аз ҷараёни омодагии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба паради ҳарбӣ, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, шинос шуд.

Дар боздид роҳбарони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ рушду такомул ёфта, барои таҳкими иқтидори моддию техникӣ, беҳтар намудани шароити хизмат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд.

Сипас машқи омодагӣ ба паради ҳарбӣ баргузор гардида, вазир аз ҷараёни иҷрои машқҳо дидан намуда, сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ, ҳамоҳангии сафороӣ ва интизоми хизматиро арзёбӣ кард.
Ҳамчунин зимни суҳбати озод бо кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар паради ҳарбӣ иштирок менамоянд, кормандони Раёсати воҳидҳои махсуси милитсия, инчунин афсарону сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро онҳоро ба омодагии ҳамаҷониба, риояи қатъии интизоми хизматӣ, такмили малакаи касбӣ ва иштироки масъулона дар паради ҳарбӣ ҳидоят намуд.

Дар идомаи боздид Вазири корҳои дохилӣ аз намоиши силоҳ, техника ва таҷҳизоти махсуси дар ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ қарордошта дидан кард.
Ба ҳолати омодабошии силоҳу техника, тарзи нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба масъулин ҷиҳати нигоҳдории дуруст, истифодаи оқилона ва таъмини омодагии доимии воситаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
