Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти рушди энергетикаи «сабз» идома медиҳад. Қадами навбатӣ дар ин самт баргузории музокирот бо корпоратсияи чинии China Energy Overseas Investment Co., Ltd. оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ (НБО) бо иқтидори 200 мегаватт дар вилояти Суғд гардид.

Дар мулоқот вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва ноиби президенти ширкати China Energy Ли Яхун иштирок намуданд. Мавзӯи асосии музокирот пешбурди яке аз калонтарин лоиҳаҳои истеҳсоли нерӯи барқ аз энергияи офтоб буда, он ҳамчун ҷузъи муҳими навсозии дарозмуддати низоми энергетикии кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро дар бахши манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамаҷониба баррасӣ намуда, қадамҳои минбаъдаи амалиро барои пешбурди лоиҳа мувофиқа карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои техникӣ ва ташкилии омодагӣ ба сохтмони неругоҳи нави офтобӣ зоҳир гардид.
Аз рӯйи натиҷаи музокирот Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва China Energy Overseas Investment Co., Ltd. омодагии худро барои идомаи гуфтушунидҳо ва таҳкими шарикии стратегӣ ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти лоиҳа тасдиқ намуданд. Муҳлати оғози сохтмон, ҳаҷми сармоягузорӣ ва механизмҳои маблағгузорӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи мувофиқа мушаххас карда мешаванд.
Неругоҳи офтобии иқтидораш 200 мегаватт яке аз бузургтарин иншооти энергетикаи офтобӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Амалӣ гардидани он имконият медиҳад, ки сохтори истеҳсоли нерӯи барқ гуногунтар гардида, эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаҳои шимолии кишвар баланд бардошта шавад ва имкониятҳои иловагӣ барои қонеъ намудани талаботи мавсимии истеъмолкунандагон фароҳам оянд.
Дар шароити татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия чунин лоиҳаҳо аҳамияти махсус касб мекунанд. Истифодаи технологияҳои муосири истеҳсоли нерӯи барқ имкон медиҳад, ки устувории низоми энергетикии миллӣ тақвият ёфта, сарборӣ байни неругоҳҳои гуногун самаранок тақсим ва иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар боз ҳам оқилона истифода шавад.
Музокироти Тоҷикистон бо China Energy Overseas Investment Co., Ltd. нишон медиҳад, ки кишвар ба марҳилаи нави рушди соҳаи энергетика ворид мегардад, ки дар он гидроэнергетика бо неругоҳҳои бузурги офтобӣ пурра карда мешавад.
Барои вилояти Суғд ва дар маҷмӯъ шимоли ҷумҳурӣ сохтмони неругоҳи офтобии 200 мегаватт аҳамияти стратегӣ дорад, зеро он метавонад дар фасли зимистон қисми сарбории мавсимиро ҷуброн намуда, фишорро ба неругоҳҳои барқи обӣ коҳиш диҳад ва устувории таъминоти нерӯи барқро баланд бардорад.
Ҳамзамон ҷалби яке аз пешсафони ҷаҳонии соҳаи энергетика аз афзоиши ҷолибияти сармоягузории Тоҷикистон шаҳодат дода, ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 оид ба рушди иқтисоди «сабз» ва гуногунсозии манбаъҳои истеҳсоли нерӯи барқ пурра мутобиқ мебошад.
Дар дурнамои дарозмуддат чунин лоиҳаҳо на танҳо амнияти энергетикии кишварро таҳким мебахшанд, балки имкониятҳои содироти нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро низ васеъ намуда, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз таъминкунандагони муҳими энергияи «сабз» дар Осиёи Марказӣ боз ҳам устувор хоҳанд кард.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
