Эътимод аз бастабандӣ оғоз меёбад: дар Хуҷанд нишонаи ягонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда баррасӣ шуд - ИА Караван Инфо
Эътимод аз бастабандӣ оғоз меёбад: дар Хуҷанд нишонаи ягонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда баррасӣ шуд

Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони «Нишонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда — эътимоди истеъмолкунанда аз бастабандӣ оғоз меёбад» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо дастгирии Агентии «Тоҷикстандарт», дар ҳамкорӣ бо як қатор муассисаҳои давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Алянси глобалӣ оид ба беҳтар намудани ғизо (GAIN) дар Тоҷикистон Лео Шулте-Венн ташкил карда шуд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт», намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, вазорату идораҳои соҳавӣ, корхонаҳои истеҳсоли орд ва намаки ошӣ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифӣ ва баррасии консепсияи нишонаи ягонаи маҳсулоти ғанигардонидашуда, муайян намудани тартиби истифодаи он ва ҷалби истеҳсолкунандагон ба татбиқи низоми ягонаи тамғагузорӣ арзёбӣ гардид. Ба таъкиди иштирокчиён, чунин нишона эътимоди истеъмолкунандагонро афзоиш дода, кафолати иловагии сифат ва арзиши ғизоии маҳсулот хоҳад буд.

Муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Малоҳат Рустамзода зикр намуд, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифат ва дорои арзиши баланди ғизоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Дар ин замина пешгирии норасоии витаминҳо ва микроэлементҳо, махсусан миёни кӯдакон ва занони ҳомила, аҳамияти махсус дорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои ғанигардонии орди гандум, йодноккунии намаки ошӣ, имкониятҳои техникии назорати лабораторӣ ва таҷрибаи байналмилалии истифодаи нишонаҳои маҳсулоти ғанигардонидашуда низ муаррифӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд