«Мактаби 21» дар Тоҷикистон қабули довталабонро оғоз кард: дар Душанбе насли нави мутахассисони IT омода мешавад - ИА Караван Инфо
«Мактаби 21» дар Тоҷикистон қабули довталабонро оғоз кард: дар Душанбе насли нави мутахассисони IT омода мешавад

Душанбе, 29 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе аз оғози қабули нахустин довталабон ба лоиҳаи таълимии «Мактаби 21» хабар дода шуд. Лоиҳа аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Сбер» амалӣ гардида, ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ равона шудааст.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола боло, новобаста аз сатҳи таҳсилот, таҷрибаи корӣ ва ё дониши барномасозӣ метавонанд дар барнома иштирок намоянд. Таҳсил дар «Мактаби 21» пурра ройгон буда, ба стандартҳои байналмилалии таълим мутобиқ мебошад.

Муовини якуми сардори Хадамоти алоқа Парвиз Нориён таъкид намуд, ки омода намудани кадрҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, «Мактаби 21» ба маркази муҳими миллӣ барои рушди малакаҳои рақамӣ ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир табдил хоҳад ёфт.

Муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода изҳор дошт, ки ҷавонон сармояи асосии кишвар дар давраи рушди босуръати зеҳни сунъӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, дастрасӣ ба таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд таъмин гардад ва ин лоиҳа барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.

Қабули довталабон аз чанд марҳила иборат буда, баъд аз бақайдгирӣ ва санҷиши онлайн иштирокчиён ба давраи 14-рӯзаи «бассейн» роҳ меёбанд.

Пас аз интихоби ниҳоӣ онҳо метавонанд аз рӯи зиёда аз 20 самти технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла таҳияи нармафзор, амнияти киберӣ, таҳлили додаҳо ва дигар ихтисосҳои муосир таҳсил намоянд. Омӯзиш бо усули «ҳамсол ба ҳамсол» сурат гирифта, хатмкунандагон имкони фаъолият дар ширкатҳои бузурги технологӣ ва стартапҳоро пайдо хоҳанд кард.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон