Душанбе, 31 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд, то дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намоянд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвари давлатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони ҳайати расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки зимни вохӯрӣ роҳбарони давлатҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла таҳкими муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, ҳамкориҳои энергетикӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Дар солҳои охир чунин вохӯриҳои машваратӣ ба яке аз механизмҳои муҳими ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои минтақа табдил ёфтаанд ва иштироки Ҷумҳурии Озарбойҷон нишондиҳандаи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва ташаккули самтҳои нави шарикӣ мебошад.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар шароите баргузор мешавад, ки ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ босуръат рушд доранд. Формати машваратии сарварони давлатҳо имрӯз ба платформаи муассири мувофиқаи мавқеъҳо оид ба масъалаҳои амният, ҳамгироии иқтисодӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ мубаддал гардидааст.
Пайвастани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин муколама аҳамияти масири Транс-Каспийро тақвият дода, барои густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва рушди долонҳои байналмилалии ҳамлу нақл имкониятҳои нав фароҳам меорад. Барои Тоҷикистон иштирок дар чунин мулоқотҳо ба стратегияи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, пешбурди суботи минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ мувофиқ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
