Душанбе, 01 август, – АИ «Корвон Иттилоот». 29 июл дар меҳмонхонаи «Хаят Риҷенсӣ» Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо тарроҳи ҷавону шинохтаи тоҷик Ромиш Одиназода ва тарроҳи маъруфи Ҷумҳурии Қазоқистон Тимур Турсунқулов намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвони «Чил духтари тоҷик бо гесуи дароз» баргузор намуд.

Чорабинӣ дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба тарғиби либоси миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик бахшида шуд.
Ҳадафи асосии ин ташаббус тарғиби либоси миллӣ ва ҳунарҳои суннатӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, алочабофӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, шерозбофӣ, инчунин эҳёи фарҳанги гесуи дароз, кокулбофӣ ва дигар анъанаҳои ороиши мӯи занони тоҷик буд.

Ташкилкунандагон таваҷҷуҳи махсусро ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ равона намуданд. Ба таъкиди онҳо, ҳифзи либоси миллӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими арзишҳои маънавӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Намоиш инчунин барои тарроҳон, дизайнерҳо, наққошон, ҳунармандон ва чеварон майдони мубодилаи таҷриба ва муаррифии эҷодиёти нав гардид. Дар он намунаҳои либосҳои қадимаи тоҷикӣ бо тарҳи муосир ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳамоҳангии анъанаҳои миллӣ ва талаботи замони имрӯзаро инъикос менамуданд.
Маросими расмии ифтитоҳи чорабинӣ бо суханронии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оғоз гардид. Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи либоси миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо намуда, ҳамчун рамзи худшиносӣ, ифтихор аз таърих ва фарҳанги миллӣ хизмат мекунад.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста ба зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшии тоҷикона, дар баробари рушди маориф, иштироки фаъоли занон дар ҳаёти ҷомеа ва саҳмгузории онҳо дар пешрафти давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар ҷараёни чорабинӣ намунаҳои либосҳои миллӣ, муосир, арӯсӣ, расмӣ ва идона ба намоиш гузошта шуданд, ки гуногунрангӣ ва имкониятҳои рушди санъати тарроҳии миллиро бозтоб намуданд.

Дар доираи қисми иҷтимоии барнома раиси Кумита ба 15 нафар духтарони дорои маъюбият туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, таваҷҷуҳи давлатро ба дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа таъкид кард.
Намоиши «Чил духтари тоҷик бо гесуи дароз» танҳо як чорабинии мӯд нест. Он ба минбари ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими истиқлоли фарҳангии Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Ҳамгироии анъанаҳои ҳазорсола бо санъати тарроҳии муосир барои рушди саноати миллии мӯд, дастгирии ҳунармандони ҷавон ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ ва таърихи пурифтихор заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин ташаббусҳо аҳамияти махсус дошта, пайванди устувори гузашта, имрӯз ва фардои фарҳанги миллиро таҷассум менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
