Душанбе, 01 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030» мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаҳои навбатии аэровизуалиро дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ, минтақаи Шинг ва Ҳафткӯли ҳавзаи дарёи Зарафшон анҷом доданд.

Ин гуна мониторинг ҳамасола се-чор маротиба гузаронида шуда, барои арзёбии захираҳои барф, ҳолати пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва кӯлҳои эҳтимолан рахнашаванда аҳамияти калидӣ дорад. Маълумоти бадастомада ҳангоми таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ, баҳодиҳии захираҳои об ва такмили низоми пешгирии офатҳои табиӣ истифода мешавад.
Зимни парвоз мутахассисон ҳолати захираҳои барф, пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва дигар объектҳои криосфераро бо истифода аз усулҳои мушоҳидаҳои саҳроӣ ва аксбардории ҳавоӣ ҳамаҷониба таҳқиқ намуданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими мониторинг нишон дод, ки дар минтақаҳои таҳқиқшуда тақрибан 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ пурра об шудааст. Ин нишондиҳанда аз идомаи фаъоли раванди обшавии барф дар фасли тобистон шаҳодат дода, ба ташаккули маҷрои дарёҳо, ҳаҷми захираҳои об ва низоми гидрологии минтақа таъсири мустақим мерасонад.
Ҳамзамон вазъи кунунии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ низ арзёбӣ гардид. Маълумоти ҷамъоваришуда барои омӯзиши тағйирёбии криосфера, таҳлили таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои баландкӯҳ ва муайян намудани тамоюлҳои минбаъдаи рушди онҳо истифода хоҳад шуд.


Таваҷҷуҳи махсус инчунин ба минтақаҳое равона гардид, ки эҳтимоли сар задани сел, ярч, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва дигар падидаҳои хавфноки гидрометеорологӣ дар онҳо зиёд аст. Арзёбии саривақтии чунин минтақаҳо имкон медиҳад сатҳи хавф дақиқ муайян гардида, пешгӯиҳои илмӣ такмил дода шаванд ва тадбирҳои пешгирикунанда самараноктар амалӣ гарданд.
Маълумоти бадастомада на танҳо барои таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ ва мониторинги захираҳои об истифода мешавад, балки ҳамчун заминаи илмӣ барои таҳияи сиёсати давлатӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ низ хизмат мекунад.
Барои Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои оби ширини Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, назорати мунтазами пиряхҳо аҳамияти стратегӣ дорад. Коҳиши босуръати захираҳои барф ва тағйирёбии ҳолати пиряхҳои баландкӯҳ ба таъминоти об, рушди кишоварзӣ, гидроэнергетика ва амнияти аҳолӣ таъсири мустақим мерасонад.
Рушди низоми мушоҳидаҳои аэровизуалӣ имконият медиҳад, ки маълумоти дақиқу саривақтӣ оид ба вазъи криосфера дастрас гардида, низоми огоҳсозии бармаҳал такмил ёбад ва қарорҳои идоракунӣ дар асоси далелҳои илмӣ қабул шаванд. Татбиқи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба таҳкими низоми миллии мониторинги иқлим ва иҷрои ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
