Душанбе, 01 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 баргузор гардид.

Озмун ҳамасола аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, қадршиносии саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди шаҳр, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баланд бардоштани мақоми соҳибкорон ва ташкили муҳити мусоиди сармоягузорӣ баргузор карда мешавад.
Маросими ҷоизасупорӣ бо ташаббуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 ноябри соли 2023 таҳти №597 дар меҳмонхонаи «Кроун Плаза Душанбе» доир гардид.
Дар чорабинӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, сохторҳои дахлдор ва доираи васеи соҳибкорони шаҳр иштирок намуданд.
Барномаи чорабинӣ бо намоиши дастовардҳои соҳибкорони пойтахт оғоз гардида, дар он маҳсулот, хизматрасонӣ ва лоиҳаҳои истеҳсолии ширкатҳои гуногуни Душанбе муаррифӣ шуданд.
Қисми расмии чорабинӣ аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода оғоз ёфта, паёми табрикии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба соҳибкороне, ки дар рушди иқтисодиёти пойтахт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, татбиқи лоиҳаҳои созанда ва афзоиши даромади буҷети шаҳр саҳми арзанда мегузоранд, ироа намуд.
Озмун аз рӯи 16 номинатсия баргузор гардида, ғолибон бо стела, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои меҳмонон ва иштирокчиён барномаи фарҳангии идона пешкаш гардид, ки ба маросим ҳусну шаҳомати хос бахшид.

Сиёсати пайгиронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти рушди соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисоди пойтахт ба ҳисоб меравад. Озмуни мазкур танҳо як маросими қадршиносӣ нест, балки воситаи муҳими ҳавасмандсозии фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди муҳити рақобатпазири иқтисодӣ мебошад.
Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии бахши хусусӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Маҳз соҳибкорон имрӯз дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот, тавсеаи хизматрасонӣ ва афзоиши иқтидори иқтисодии пойтахт нақши калидӣ доранд. Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» шарикии давлат ва бахши хусусиро таҳким бахшида, барои ташаккули муҳити муосири сармоягузорӣ ва рушди устувори шаҳри Душанбе заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
