Душанбе, 01 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини амнияти озуқавории кишвар, танҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан 2506 гектар кишти картошка гузаронида шудааст.

31 июли соли 2026 роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода ҳамроҳ бо раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ дар ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Урунбой» иштирок намуданд.

Тавре масъулини соҳаи кишоварзӣ қайд намуданд, хоҷагии мазкур дар 8 гектар картошка кишт намудааст. Зимни боздид таъкид гардид, ки ҷамъоварии ҳосил бо риояи талаботи агротехникӣ ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, дар хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти Чорбоғ ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва дигар зироатҳо бо суръат идома дорад. Мувофиқи арзёбии масъулин, корҳои саҳроӣ дар асоси нақша ва бо ҷалби пурраи қувваи корӣ пеш бурда мешаванд.
Абдулҳафиз Ашурзода ба масъулин ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани самаранокии кор дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи оқилонаи замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҷалби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ба корҳои кишоварзӣ бозгӯи он аст, ки масъалаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ҳамчун вазифаи умумимиллӣ баррасӣ мешавад. Картошка ва сабзавот аз зироатҳои муҳими таъминоти бозори дохилӣ ба шумор рафта, васеъ гардидани майдони кишти онҳо дар Истаравшан аз талоши хоҷагиҳо барои афзун кардани истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи худкифоӣ шаҳодат медиҳад.
Таваҷҷуҳи амалӣ ба риояи қоидаҳои агротехникӣ, ташкил ва идоракунии дурусти корҳои саҳроӣ ба беҳтар шудани ҳосилнокӣ ва устувории соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад. Дар шароити афзоиши талабот ба маҳсулоти ватанӣ чунин иқдомҳо на танҳо бозорро бо маҳсулоти тару тоза таъмин мекунанд, балки ба рушди иқтисоди деҳот, афзоиши даромади хоҷагиҳо ва таҳкими самти рушди устувори аграрӣ низ замина мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан
