Душанбе, 03 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Панҷакент маросими бошукӯҳи пазироии иштирокчиёни фахрии ниммарафони байналмилалии кӯҳии «Эко-Ҳафткӯл-2026» баргузор гардид.

Дар майдони марказии шаҳр, дар саҳни муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳайатҳои корпуси дипломатӣ, инчунин намояндагони созмонҳо ва институтҳои байналмилалии муқими пойтахти Тоҷикистонро, ки ба сифати иштирокчиёни фахрӣ ба ин мусобиқаи байналмилалӣ омадаанд, самимона истиқбол намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ниммарафони имсола намояндагони 23 сафорат, консулгарӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ва беш аз 200 дӯстдори ин намуди варзиш аз 24 давлати ҷаҳон ширкат мекунанд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ассосиатсияи дав ва марафони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мебошанд.
Маросими расмии ифтитоҳи ниммарафони кӯҳии «Эко-Ҳафткӯл-2026» бегоҳи имрӯз дар мавзеъи Ҳафткӯл баргузор мешавад. Рӯзи 2 август иштирокчиён дар масофаҳои 3, 10 ва 21 километр қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Баргузории ниммарафон дар Ҳафткӯл на танҳо як рӯйдоди варзишӣ, балки минбари муҳими тарғиби фарҳанги экологӣ, рушди сайёҳии дохилӣ ва густариши робитаҳои гуманитарии байналмилалӣ мебошад. Иштироки дипломатҳои хориҷӣ ва намояндагони сохторҳои байналмилалӣ ба чорабинӣ аҳамияти иловагӣ бахшида, аз рӯйи он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҳамкории боз ҳам васеътар дар соҳаи варзиш, экология ва сайёҳӣ омода аст.
Ниммарафони «Эко-Ҳафткӯл» имрӯз ба яке аз чорабиниҳои шинохташудае табдил ёфтааст, ки варзиш, экология ва сайёҳиро ба ҳам мепайвандад. Барои Тоҷикистон чунин ташаббусҳо аҳамияти стратегӣ доранд: онҳо имиҷи мусбати байналмилалии кишварро тақвият медиҳанд, таваҷҷуҳро ба зебоиҳои табиии минтақа ҷалб мекунанд ва ба рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Арзиши вижаи ин чорабинӣ дар он аст, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи варзишӣ, дипломатҳои хориҷӣ ва шарикони байналмилалиро дар атрофи як идея — тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи табиат — муттаҳид месозад. Дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин лоиҳаҳо ҳамчун рамзи кушодагӣ, рушди динамикӣ ва ҷолибияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Манбаи акс: мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
