Душанбе, 03 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон натиҷаҳои форуми сеюми байналмилалии Россотрудничество «Вақти корҳои нек» ҷамъбаст гардид, ки ба рушди соҳаи иҷтимоӣ ва табодули таҷрибаи амалии дастгирии шаҳрвандони ниёзманд бахшида шуда буд.

Дар доираи форум мутахассисони Тоҷикистон ва Русия оид ба равишҳои муосири кори иҷтимоӣ табодули назар намуда, дар шаҳри Душанбе ва Бохтар мастер-классҳои омӯзишӣ баргузор карданд. Ин чорабинӣ идомаи масири гуманитарӣ дар доираи лоиҳаи «Миссияи Нек» мебошад.
Дастгирии ташкилӣ ба форумро Ассотсиатсияи Добро.рф ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои ихтиёрии Тоҷикистон (АВОТ) таъмин намуданд.
Барномаи форум чунин тарҳрезӣ шуда буд, ки муколамаи коршиносии пойтахтро бо фаъолияти амалӣ дар минтақаҳо пайваст намояд. Дар Душанбе вохӯриҳои касбӣ, муҳокимаҳо ва мастер-классҳои омӯзишӣ оид ба самтҳои муосири ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин роҳҳои ташкил ва расонидани кумак ба шаҳрвандони дар ҳолати душвор қарордошта баргузор гардиданд.
Марҳилаи ҷудогонаи форум дар шаҳри Бохтар баргузор шуда, дар заминаи Маркази кумак ба оилаҳои камбизоат ва нафақахӯрон «Бонувони Хатлон» иштирокчиён роҳҳои ҳадафмандонаи кор бо зеридастонро баррасӣ намуда, таҷрибаи амалии дастгирии иҷтимоиро мубодила карданд.
Барномаи минбаъдаи лоиҳаи «Миссияи Нек» баргузор намудани вохӯриҳои машваратӣ бо сокинони Данғара ва Роғун, инчунин табодули таҷриба бо кормандони муассисаҳои иҷтимоии Душанбе ва Хуҷанд-ро пешбинӣ мекунад.
Форуми «Вақти корҳои нек» нишон дод, ки рӯзномаи гуманитарӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҷойгоҳи беш аз пеш муҳим пайдо мекунад. Чунин ташаббусҳо аз доираи ҳамкории рамзӣ берун буда, барои табодули методикаҳои амалӣ, таҳкими робитаҳои касбӣ ва баланд бардоштани сифати кумаки иҷтимоӣ дар маҳалҳо заминаи устувор фароҳам меоранд.
Аҳамияти хосси форум дар хусусияти амалии он зоҳир мегардад. Кор дар минтақаҳо имкон медиҳад, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ на танҳо дар сатҳи коршиносӣ баррасӣ шаванд, балки эҳтиёҷоти воқеии одамон, оилаҳо, нафақахӯрон ва дигар қишрҳои осебпазир мустақиман муайян карда шаванд. Маҳз чунин формат ҳамкории инсондӯстона ва табодули таҷрибаро самаранок ва натиҷабахш мегардонад.
Дар дурнамои дарозмуддат чунин лоиҳаҳо фарҳанги ҳамдигаркумакро тақвият медиҳанд, имкониятҳои ҳаракати ихтиёриёнро васеъ месозанд ва ба ташаккули низоми муассиртари дастгирии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
АКС: Хонаи русӣ дар Душанбе
