Амният ва ҳамкорӣ: воҳиди махсуси «Шоҳин» малакаи касбии худро дар Тошканд тақвият дод - ИА Караван Инфо
Амният ва ҳамкорӣ: воҳиди махсуси «Шоҳин» малакаи касбии худро дар Тошканд тақвият дод

Душанбе, 04 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи созишномаи ҳамкории дуҷонибаи байни раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд кормандони воҳидҳои кинологӣ ва таркишбезараргардонии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ОМСН) «Шоҳин»-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо сафари корӣ аз пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид намуданд.

Ҳадафи асосии таҷрибаомӯзӣ мубодилаи таҷрибаи касбӣ, такмили малакаҳои амалӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосире буд, ки дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои эҳтимолии террористӣ истифода мешаванд.

Барномаи омӯзиш машғулиятҳои назариявӣ ва тамринҳои амалиро дар бар гирифта, ба баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисони воҳидҳои махсус равона гардид. Диққати махсус ба рушди маҳорати кинологҳо, азхудкунии усулҳои пешрафтаи омӯзонидани сагҳои хизматӣ ва истифодаи самараноки онҳо ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсус, корҳои ҷустуҷӯӣ ва муоинаи иншооти муҳими дорои хавфи баланд дода шуд.

Самти муҳими дигари барнома омӯзиши равишҳои муосир дар соҳаи амнияти таркишбезараргардонӣ буд. Мутахассисони тоҷик бо усулҳои пешрафтаи ошкорсозӣ, муайянкунӣ, маҳдудсозӣ ва безарар гардондани маводи тарканда шинос шуда, инчунин таҷрибаи ҳамтоёни ӯзбеки худро дар истифодаи технологияҳои муҳандисию сапёрӣ омӯхтанд.

Ҳамчунин иштирокчиён бо заминаи моддию техникии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд аз наздик шинос шуданд. Ба ҳайати воҳиди «Шоҳин» намунаҳои навтарини техникаи махсус, роботҳои муҳандисӣ, таҷҳизоти сапёрӣ ва дигар воситаҳои техникии муосир, ки барои иҷрои вазифаҳои таъмини амнияти шаҳрвандон истифода мешаванд, муаррифӣ гардиданд.

Ба арзёбии гурӯҳи таҳлилии «Караван Инфо», рушди ҳамкории амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ва Тошканд аз сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва таҳкими пайвастаи муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад. Мубодилаи мунтазами таҷриба дар самтҳои кинология, безараргардонии маводи тарканда ва омодасозии воҳидҳои махсус барои ҷорӣ намудани стандартҳои муосири омодасозии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани иқтидори амалиётӣ ва таҳкими пешгирии таҳдидҳои террористӣ мусоидат мекунад.

Дар шароити афзоиши таҳдидҳои амниятии минтақа чунин барномаҳои муштарак аҳамияти бештар пайдо намуда, барои ташаккули фазои ягонаи ҳамкории касбии сохторҳои қудратии Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳифзи шаҳрвандон, инфрасохтори муҳим ва тартиботи ҷамъиятӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

АКС: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе