Қоидаҳои нави визавӣ: Иёлоти Муттаҳида талаботро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гирифтани раводиди b-1/b-2 сахттар мекунад - ИА Караван Инфо
Қоидаҳои нави визавӣ: Иёлоти Муттаҳида талаботро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гирифтани раводиди b-1/b-2 сахттар мекунад

Душанбе, 04 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҷорӣ намудани низоми доимии гарави раводидӣ барои шаҳрвандони 50 давлат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил мебошад, эълон намуд. Қоидаҳои нав аз 3 августи соли 2026 мавриди амал қарор гирифта, ба довталабоне татбиқ мешаванд, ки барои гирифтани раводидҳои ғайримуҳоҷиратии тиҷоратӣ ва сайёҳии категорияи B-1/B-2 муроҷиат мекунанд.

Тибқи тартиби нав, корманди консулгарӣ вобаста ба ҳолати ҳар як довталаб метавонад зарурати пардохти гарави бозгардонидашавандаро муайян намояд. Ҳаҷми ин кафолати молиявӣ метавонад 10 ҳазор, 15 ҳазор ё то 20 ҳазор доллари ИМА бошад.

Тавре Департаменти давлатии ИМА шарҳ додааст, маблағи гарав пурра ба довталаб баргардонида мешавад, агар ӯ талаботи низоми раводидиро риоя намуда, сари вақт қаламрави Иёлоти Муттаҳидаро тарк кунад, аз раводид истифода набарад ё ҳангоми воридшавӣ ба кишвар иҷозати вуруд нагирад. Аммо дар сурати вайрон намудани қоидаҳои будубош ё аз муҳлати иҷозатдодашуда зиёд мондан маблағи гарав метавонад ба фоидаи буҷети Иёлоти Муттаҳида нигоҳ дошта шавад.

Ҷониби амрикоӣ таъкид мекунад, ки рӯйхати 50 давлат бо дарназардошти омори вайронкунии муҳлати будубош аз ҷониби дорандагони раводидҳои B-1/B-2 тартиб дода шудааст. Ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, натиҷаҳои барномаи озмоишӣ нишон доданд, ки шумораи ҳолатҳои вайронкунии низоми раводидӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, шумораи раводидҳои додашуда ба шаҳрвандони давлатҳои фарогири барнома низ ба таври қобили мулоҳиза кам гардидааст.

Ба арзёбии гурӯҳи таҳлилии АИ «Корвон Иттилоот», ба низоми доимӣ гузаштани барномаи гарави раводидӣ аз сиёсати пайгиронаи Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати пурзӯр намудани назорат бар риояи қонунгузории муҳоҷират ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми сафарҳои кӯтоҳмуддат шаҳодат медиҳад.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон талаботи нав метавонад маънои афзоиши ӯҳдадориҳои молиявиро ҳангоми дархости раводидҳои B-1/B-2 дошта бошад ва ба дастрасии баъзе сафарҳои тиҷоратӣ, таълимӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба Иёлоти Муттаҳида таъсир расонад.

Манбаи акс: Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико