Душанбе, 04 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз корҳои таъмиру азнавсозии Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ боздид намуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таҷдид гардида, барои фаъолияти босамари ҳайати шахсӣ тамоми шароити зарурии хизматӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ҷараёни боздид вазъи инфрасохтор, шароити кории кормандон ва имкониятҳои фароҳамгардида барои иҷрои самараноки вазифаҳои хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таҷдиди пурраи бино ва беҳтар намудани муҳити корӣ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти яке аз сохторҳои калидии ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти корҳои дохилӣ нигаронида шудааст.
Зимни мулоқот бо ҳайати шахсии Бюрои миллии марказии «Интерпол», Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки ин сохтор дар низоми Вазорати корҳои дохилӣ мавқеи муҳим дошта, фаъолияти он барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Вазир аз кормандон талаб намуд, ки барои такмили пайвастаи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ дода, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисиро, дар сатҳи баланд аз худ намоянд. Ба гуфтаи ӯ, донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботи муҳими фаъолияти кормандони Бюрои миллии марказии «Интерпол» буда, барои иштироки фаъол дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, баромадҳо дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкориҳои муассир бо шарикони хориҷӣ нақши калидӣ мебозад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори касбӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти сохтор ба стандартҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, мубодилаи фаврии иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳо мебошад.
Навсозии Бюрои миллии марказии «Интерпол» ва таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба рушди захираҳои инсонӣ аз идомаи сиёсати муосирсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳкими ҳамгироии онҳо бо низоми байналмилалии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ шаҳодат медиҳад. Баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, рушди малакаҳои забондонӣ ва фароҳам овардани шароити муосири хизматӣ имкониятҳои Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз ҳам густариш медиҳад.
Дар анҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсиро вазифадор намуд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва риояи меъёрҳои касбӣ иҷро намоянд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
