Душанбе, 05 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи амният ва ҳамкорӣ бо мухлисони ФФТ баргузор гардид, ки ба омодагӣ барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалии футбол дар нимаи дуюми соли 2026 бахшида шуд. Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси Кумита, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҳусейн Халилзода бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ баргузор гардид.

Мавзӯи асосии ҷаласа таъмини сатҳи баланди амнияти ҷамъиятӣ ва ҳамоҳангсозии самараноки фаъолияти ҳамаи сохторҳое буд, ки ба баргузории мусобиқаҳои таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҷалб мешаванд. Диққати махсус ба такмили механизми ҳамкорӣ байни ташкилкунандагони мусобиқаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти хусусии амният равона гардид.
Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва амалӣ оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, мавриди баррасии муфассал қарор доданд. Алгоритмҳои ҳамкории муштарак дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, тақсимоти масъулият миёни сохторҳои дахлдор ва масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаврӣ дар варзишгоҳҳо низ ҳамаҷониба муҳокима шуданд.
Яке аз самтҳои калидии ҷаласа таъмини мутобиқати пурраи чораҳои амниятӣ ба талаботу низомномаҳои Конфедератсияи футболи Осиё буд, ки ба ҳифзи футболбозон, шахсони расмӣ, мухлисон ва ҳайатҳои хориҷӣ нигаронида шудаанд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазифаҳои афзалиятнок муайян гардида, ба ҳамаи сохторҳои масъул барои татбиқи амалии онҳо тавсияҳои дахлдор ирсол карда шуданд.
Баргузории чунин ҷаласаҳои ҳамоҳангсозӣ аз фаъолияти пайгиронаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми амнияти мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Муносибати ҳамаҷониба имкон медиҳад, ки ҳамкории муассири ҳамаи сохторҳои масъул пешакӣ ба роҳ монда шуда, хавфҳои эҳтимолӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ ба ҳадди ақал расонида шаванд.
Дар шароити имрӯза амният ба яке аз меъёрҳои асосии баргузории бомуваффақияти мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ табдил ёфтааст. Барои Тоҷикистон, ки солҳои охир бештар ба майдони баргузории мусобиқаҳои таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё табдил меёбад, риояи стандартҳои байналмилалӣ аҳамияти стратегӣ касб мекунад.
Ҳамоҳангсозии муассири фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси амниятӣ на танҳо ҳифзи иштирокчиён ва мухлисонро таъмин менамояд, балки обрӯи байналмилалии кишварро ҳамчун мизбони боэътимоди мусобиқаҳои бузурги футбол низ таҳким мебахшад. Татбиқи пайгиронаи талаботи КФО ба рушди инфрасохтори варзишӣ, болоравии сатҳи ташкилии футболи миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии варзиш мусоидат хоҳад кард.
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон
