Остона, 05 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар давоми як шабонарӯзи гузашта дар фонди давлатии ҷангали Қазоқистон панҷ сӯхтори ҷангал ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати экология ва захираҳои табиӣ хабар доданд.

“Дар вилоятҳои Акмолин ва Қазоқистони Шарқӣ, сӯхтор ба таври фаврӣ маҳдуд ва пурра бартараф намуда шуд, дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ корҳо оид ба хомӯш намудани он идома доранд”.
Тибқи маълумоти идора, ду сӯхтор дар вилояти Акмолин, як сӯхтор дар Вилояти Қазоқистони Шарқӣ ва ду сӯхтор дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ рух додааст. Дар вақти патрулҳои заминӣ дар ҳифзи давлатии ҷангал оташдонҳо пайдо шуданд. Бо шарофати интиқоли саривақтии иттилоот ва амалиёти муташаккили хадамоти ҷангал ва ҷузъу томҳои ДҲФ, онҳо тавонистанд, ки оташро ба майдонҳои калон паҳн накунанд.

Вазорати Экология хотиррасон намуд, ки дар кишвар хатари сӯхторҳои табиӣ зиёд аст ва аз сокинони истироҳаткунандаи табиат ва инчунин истифодабарандагони ҷангал даъват намуд, ки қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Пештар барои хомӯш намудани сӯхтор дар ноҳияи Байтереки вилояти Қазоқистони Ғарбӣ чархбол истифода шуда буд.
Аксҳо: Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ.
