Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Маркази мустақили таҳлилӣ ва пажӯҳишии Британияи Кабир Legatum Institute натиҷаҳои Индекси ҷаҳонии шукуфоӣ (Legatum Prosperity Index) – 2026-ро нашр намуд, ки 161 кишвари ҷаҳон-ро фаро мегирад. Тибқи натиҷаҳои ин таҳқиқот, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии умумӣ мақоми 129-ум-ро ишғол намуда, ҳамзамон аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.

Индекси ҷаҳонии шукуфоӣ яке аз воситаҳои мукаммалтарини байналмилалии арзёбии сатҳи рушди кишварҳо ба ҳисоб меравад. Методологияи таҳқиқот ба таҳлили зиёда аз 150 нишондиҳандаи оморӣ асос ёфта, онҳо ба се самти асосӣ — рушд, озодӣ ва вазъи ҷомеа гурӯҳбандӣ шудаанд.
Дар маҷмӯъ, ин арзёбӣ даҳ зернишондиҳандаи муҳим, аз ҷумла сатҳи зиндагӣ, тандурустӣ, маориф, озодии иқтисодӣ, амният, сифати идоракунии давлатӣ, устувории оила ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи беҳтаринро Қазоқистон нишон дода, мақоми 66-ум-ро соҳиб гардид. Қирғизистон дар мақоми 87-ум, Ӯзбекистон дар мақоми 94-ум ва Туркманистон дар мақоми 150-ум ҷойгир шуданд.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар раддабандии умумӣ ҷойи 129-ум-ро ишғол кардааст, кишвар аз рӯи нишондиҳандаи сармояи иҷтимоӣ, ки сатҳи эътимод, ҳамдигардастгирӣ ва устувории муносибатҳои ҷамъиятиро инъикос мекунад, мақоми 41-уми ҷаҳон-ро соҳиб шудааст. Самти дигари қавии ҷумҳурӣ маориф ва устувории оила мебошад, ки Тоҷикистон аз рӯи он мақоми 57-ум-ро ишғол кардааст.
Ин натиҷаҳо аз пойдории ниҳодҳои иҷтимоӣ, нақши муҳими оила ва анъанаҳои ҳамдигардастгирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Маҳз ҳамин омилҳо ҳамчун пояи муҳими рушди устувор ва таҳкими сармояи инсонӣ арзёбӣ мешаванд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти Legatum Institute нишон медиҳанд, ки устувории давлатҳои муосир на танҳо аз нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки аз сифати муносибатҳои ҷамъиятӣ, сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба ҳамдигар ва самаранокии ниҳодҳои иҷтимоӣ низ вобаста аст.
Барои Тоҷикистон мавқеи баланд аз рӯи сармояи иҷтимоӣ ва устувории оила мавҷудияти захираи назарраси дохилии рушдро тасдиқ мекунад, ки метавонад ҳамчун заминаи муҳим барои идомаи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ хизмат намояд.
Ҳамзамон, ҷойгоҳи умумии кишвар дар рейтинг зарурати идомаи ислоҳот дар бахшҳои иқтисод, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани сифати фаъолияти институтҳоро нишон медиҳад. Пешрафти ҳамзамон дар ҳамаи самтҳои индекси шукуфоӣ метавонад рақобатпазирии байналмилалии Тоҷикистонро таҳким бахшида, барои болоравии сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ заминаҳои нави устувор фароҳам оварад.
Акс: АИ «Корвон Иттилоот»
