Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». 8 августи соли 2026 дар боғи «Куруши Кабир»-и пойтахт аввалин фестивали Chess & Jazz Fest баргузор мегардад, ки дӯстдорони шоҳмот ва мусиқии ҷазро муттаҳид мекунад. Дар ин бора Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар додааст.

Меҳмононро дарсҳои устодӣ оид ба шоҳмот, сеанси бозии ҳамзамон бо гроссмейстер, мусобиқаҳои шоҳмотӣ барои иштирокчиёни синну соли гуногун, инчунин баромадҳои саксофоннавоз Сайдо Амонов ва овозхони ҷаз Юлия Багданавичуте интизоранд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо ҷоизаҳои пулӣ, медалҳо ва грамотаҳо мегиранд.
Фестивал аввалин майдони Тоҷикистон хоҳад шуд, ки дар он варзиши зеҳнӣ ва мусиқии ҷаз дар як фазо вохӯрдаанд. Чунин омезиш имкон медиҳад, ки аудиторияи васеъ — аз шоҳмотбозони ҷавон то дӯстдорони мусиқии зинда — ҷалб карда шавад ва фазои гуфтугӯи фарҳангӣ фароҳам оварда шавад.
Чорабинӣ ба роиҷсозии шоҳмот дар байни ҷавонон, рушди ташаббусҳои эҷодӣ ва ташаккули форматҳои нави фароғат дар муҳити шаҳрӣ мусоидат мекунад.
Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки Chess & Jazz Fest имкониятҳоро барои баргузории минбаъдаи чунин чорабиниҳои омехта, ки варзиш, санъат ва муоширатро муттаҳид месозанд, мекушояд.
АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон
