Илм ба хотири ояндаи пиряхҳо: дар Хоруғ мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба кор шуруъ кард - ИА Караван Инфо
Илм ба хотири ояндаи пиряхҳо: дар Хоруғ мактаби байналмилалии тобистона оид ба омӯзиши криосфера ба кор шуруъ кард

Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Мактаби байналмилалии тобистонаи «Фаҳмиши хатарҳои криосфера: аз пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ то яхбандии абадӣ» фаъолияти худро оғоз намуд. Лоиҳаи таълимӣ ба Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи илмҳои криосфера (солҳои 2025–2034) ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Баргузории мактаби тобистона идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ҳифзи захираҳои об, омӯзиши тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист равона шудааст. Лоиҳа дар доираи рӯзномаи ҷаҳонии экологӣ, ки бо ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об ташаккул ёфтааст, аҳамияти махсус касб мекунад.

Дар кори мактаб донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва олимони ҷавони донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон ва дигар кишварҳо иштирок доранд. Ҳайати байналмилалии иштирокчиён барои табодули таҷрибаи илмӣ, густариши робитаҳои академӣ ва ташаккули шабакаи минтақавии мутахассисони соҳаи омӯзиши криосфера шароити мусоид фароҳам меорад.

Барномаи мактаби тобистона барои даҳ рӯз таҳия гардида, омезиши омӯзиши назариявӣ ва тадқиқоти амалиро дар бар мегирад. Дар доираи он лексияҳои олимони пешсаф, семинарҳои тахассусӣ ва муҳокимаҳои илмӣ оид ба мониторинги пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, яхбандии абадӣ ва арзёбии хатарҳои тағйирёбии иқлим баргузор мешаванд.

Қисми муҳими барнома ба машғулиятҳои саҳроӣ ва экспедитсияҳои илмӣ-таълимӣ ба мавзеъҳои нодири табиии Помир бахшида шудааст, ки дар онҳо иштирокчиён бо усулҳои муосири мушоҳида ва ҷамъоварии маълумоти илмӣ дар шароити баландкӯҳ аз наздик шинос хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин шакли омӯзиш ба рушди малакаҳои амалии муҳаққиқони ҷавон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешрафти илмҳои заминшиносӣ, гидрология ва иқлимшиносӣ мусоидат менамояд.

Баргузории Мактаби байналмилалии тобистона дар Хоруғ нақши рӯзафзуни Тоҷикистонро ҳамчун яке аз марказҳои пешсафи минтақавии омӯзиши криосфера ва экосистемаҳои баландкӯҳ тасдиқ мекунад. Помир, ки қисми назарраси пиряхҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад, имрӯз ба озмоишгоҳи нодири табиӣ барои омӯзиши тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои оби минтақа табдил ёфтааст.

Омодасозии насли нави олимоне, ки усулҳои муосири мониторинги пиряхҳоро аз худ мекунанд, метавонанд хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхиро пешгӯӣ намоянд ва паёмадҳои таназзули яхбандии абадиро арзёбӣ кунанд, барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Чунин ташаббусҳои илмӣ-таълимӣ ба рушди дипломатияи илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарии онро фаъолона идома медиҳад, мусоидат менамоянд.

Акс: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев.