Насли нави ҳифзи қонун: роҳбари ВКД Тоҷикистон хатмкунандагони муассисаҳои таълимии соҳавиро ба вазифа таъин кард - ИА Караван Инфо
Насли нави ҳифзи қонун: роҳбари ВКД Тоҷикистон хатмкунандагони муассисаҳои таълимии соҳавиро ба вазифа таъин кард

Душанбе, 06 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи хадамоти давлатии оташнишонӣ мулоқот баргузор намуда, онҳоро мутобиқи ихтисоси гирифташуда ва талаботи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба вазифаҳои хизматӣ таъин кард.

Дар оғози мулоқот вазири корҳои дохилӣ доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуда, ислоҳоту пешрафтҳоро, ки дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, махсус таъкид кард. Ҳамзамон, ба рушди низоми Вазорати корҳои дохилӣ, такмили муассисаҳои таълимии соҳавӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки имрӯз барои таълиму тарбияи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Коллеҷи милитсия ва Коллеҷи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими волоияти қонун хизмат мекунанд, нақши муҳим доранд.

Зимни суҳбат Рамазон Раҳимзода ба кормандони ҷавон тавсия дод, ки фаъолияти хизматии худро бар пояи масъулияти баланд, интизоми хизматӣ ва риояи ҳатмии қонун ба роҳ монанд. Ӯ ҳамчунин зарурати муносибати эҳтиромона бо шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба мақомоти корҳои дохилиро аз омилҳои муҳими фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми мулоқот хатмкунандагони муассисаҳои таълимии соҳавӣ бо дарназардошти ихтисоси касбӣ ва эҳтиёҷоти сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои хизматӣ таъин гардида, фаъолияти амалии худро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз менамоянд.

Омода намудани мутахассисони ҷавон ва ҷалби онҳо ба хизмати амалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати кадрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Низоми муосири таҳсилоти соҳавӣ имрӯз на танҳо ба ташаккули донишҳои касбӣ, балки ба тарбияи кормандони масъулиятшинос, соҳибкасб ва содиқ ба давлату ҷомеа равона шудааст.

Пурра гардидани сафи мақомоти корҳои дохилӣ бо кадрҳои ҷавону баландихтисос ба таҳкими иқтидори институтсионалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва ташаккули захираи кадрӣ барои рушди минбаъдаи низоми мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон