Остона, 08 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Алмаато марҳилаи ниҳоии аввалин чемпионати дастаии ҷаҳон FIDE (ФИДЕ) дар байни донишгоҳҳо оғоз ефт. Ин мусобиқа 16 дастаи донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонро, аз ҷумла донишгоҳҳои Оксфорд, Кембриҷ ва Гарвардро муттаҳид намуд. Қазоқистонро КазНУ-и ба номи Ал-Фарабӣ, донишгоҳи миллии Варзиши Қазоқистон ва Almaty Management University (Донишгоҳи Менеҷменти Алмаато) намояндагӣ мекунанд.

Дар оғози чемпионат, вазири илм ва таҳсилоти олии ҶҚ Саясат Нурбек таъкид намуд, ки дар кишвар таҳсилоти шоҳмотӣ фаъолона рушд мекунад. Аллакай зиёда аз 200 донишҷӯи донишгоҳҳои олии педагогӣ барномаи “Педагоги шоҳмот” – ро аз худ намуданд ва дар 31 донишгоҳ фанҳои профилӣ ҷорӣ карда шуданд.
“Шоҳмот на танҳо бозии зеҳнӣ, балки воситаи муассири таълимӣ мебошад, ки тафаккури интиқодӣ, мустақилият, масъулият ва қобилияти банақшагирии стратегиро инкишоф медиҳад”, — қайд намуд вазири илм ва таҳсилоти олии ҶҚ Саясат Нурбек.

Ба гуфтаи ректори КазНУ Ҷансеит Туймебаев ва президенти федератсияи Шоҳмоти Қазоқистон Тимур Турлов, баргузории мусобиқа ҳамкории байналмилалии академикиро тақвият медиҳад, эътибори Қазоқистонро ҳамчун яке аз марказҳои ҷаҳонии ҳаракати шоҳмот баланд мебардорад ва қадами муҳим дар рушди варзиши донишгоҳӣ хоҳад буд.



Аксҳо: ВИТО ҶҚ
