Душанбе, 10 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда телеграммаи табрикӣ ирсол намуд.

Дар паём саҳми Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи глобалии сулҳу субот, инчунин таҳкими бисёрҷонибагӣ, гуфтугӯ ва ҳамкории байналмилалӣ қайд гардидааст.
«Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳо ва чолишҳои бесобиқа рӯ ба рӯ аст, ин ташаббуси муҳим, ки идомаи мантиқии ӯҳдадориҳои қабулшуда дар доираи Саммити оянда ва Паймони барои оянда (соли 2024) мебошад, сигнали қавӣ ва умедбахш дар бораи зарурати сармоягузорӣ ба таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тақвияти ҳамбастагии байналмилалӣ ба манфиати наслҳои имрӯза ва оянда мефиристад», — омадааст дар телеграммаи Котиби генералии СММ.
Антониу Гутерриш ҳамчунин кӯшишҳои ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро оид ба ҳалли осоиштаи масъалаҳо бо давлатҳои ҳамсоя истиқбол гирифта, омодагии Созмони Милали Муттаҳидро барои мусоидат ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид намуд.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба номи наслҳои оянда», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтикор шудааст, 25 июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид. Ҳуҷҷат солҳои 2027–2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ эълон мекунад.
Қабули қатънома хатти пайвастаи сулҳпарваронаи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ва саҳми кишварро дар ташаккули рӯзномаи глобалӣ, ки ба пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда нигаронида шудааст, инъикос менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз бойгонӣ)
