Аз аввали сол Қазоқистон бо кишварҳои ҳамсоя оид ба масъалаҳои дарёҳои фаромарзӣ 38 гуфтушунид анҷом дод - ИА Караван Инфо
Аз аввали сол Қазоқистон бо кишварҳои ҳамсоя оид ба масъалаҳои дарёҳои фаромарзӣ 38 гуфтушунид анҷом дод

Остона, 13 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазорати захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон аз аввали соли 2026 бо давлатҳои ҳаммарз 38 гуфтушунид анҷом додааст. Аз ин шумора 27 вохӯрӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, 11 вохӯрии дигар бо намояндагони Чин ва Русия баргузор гардид.

Бо шарофати амалиети муштарак бо Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муяссар шуд, ки режими кори обанбори Токтогул, Нерӯгоҳи Барқи Обии Уч-Қурғон, обанбори “Баҳри-Точик”, инчунин ҷадвали обтаъминкунии Канали “Достик” ва дарёҳои Шу ва Талас мувофиқа намуда шавад. Дар натиҷа, ҳаҷми об, ки дар давраи ҷорӣ ба обанбори Шардарин ворид шудааст, аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда зиёдтар аст.

Илова бар ин, тасдиқи Созишномаи байниҳукуматии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар бораи идоракунии муштарак ва истифодаи оқилонаи иншоотҳои обии трансмарзӣ ба анҷом расид. Тавре, ки муовини аввали вазири захираҳои об ва обёрӣ Нурлан Алдамжаров хабар дод, то охири сол боз 33 вохӯрии байналмилалӣ, аз ҷумла ташкили комиссияи доимии Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва тартиб додани тавозуни хоҷагии об бо ФР  ба нақша гирифта шудааст.

Аксҳо: Вазорати об ва обёрии ҶҚ