"Осмони Байсерке-2026": ҳазорон тамошобин намоиши ҳавоиро диданд - ИА Караван Инфо
"Осмони Байсерке-2026": ҳазорон тамошобин намоиши ҳавоиро диданд

Остона, 19 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар аэродроми Байсерке дар вилояти Алмаато намоиши васеи авиатсионии “Осмони Байсерке – 2026” баргузор шуд. Чорабинии мазкур тақрибан 10 ҳазор тамошобинро ҷамъ овард ва яке аз рӯйдодҳои барҷастаи мавсими сайёҳии минтақа гардид.

Ба меҳмонон намудҳои гуногуни техникаи ҳавоӣ чархболҳои Ми — 2 ва Ми-8АМТ, ҳавопаймоҳои Ан-2, Як-18т, Як-52, Як-55, Socata (Соката) TB-10 ва TB-20, Partenavia (Партенавиа) P.68, инчунин мотоделтапланҳо ва моделҳои авиатсионӣ пешниҳод намуда шуданд.

Таваҷҷӯҳи махсуси тамошобинонро парвозҳои намоишии халабонҳои касбӣ, намоиши хомӯш намудани сӯхтори шартӣ аз чархболи Ми-8АМТ ва десанти оммавии парашютчиён аз ду ҳавопаймои Ан-2 ҷалб намуданд. Ҳавопаймоҳо инчунин фигураҳои гурӯҳии “Ромб” ва “Веер” – ро иҷро намуданд.

Финали барнома баромади якҷояи халабонҳо ва парашютчиён буд, ки пас аз он суруди “Осмони Байсерке” садо дод, намоиши барабанӣ ва салют баргузор шуд.

“Шоуи авиатсионӣ барои маъмулгардонии авиатсия ва пешбурди иқтидори сайёҳии вилояти Алмаато майдони муҳим гардид”, — қайд намуданд ташкилкунандагон.

Чорабинӣ ба тақвими ҷумҳуриявии рӯйдодҳои сайёҳӣ барои соли 2026 дохил намуда шудааст.

Сурат: ВСВ  ҶҚ