Нозирони СҲШ интихоботи Курултайро шаффоф ва демократӣ эътироф намуданд - ИА Караван Инфо
Нозирони СҲШ интихоботи Курултайро шаффоф ва демократӣ эътироф намуданд

Остона, 24 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Миссияи нозирони созмони Ҳамкории Шанхай интихоботи гузаштаи вакилони Курултайро мувофиқи қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Қазоқистон эътироф намуд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ дар Маркази мусоидат ба нозирони байналмилалӣ муовини Дабири Кулли СҲШ Т.Р. Мидхун изҳор дошт.

Дар ҳайати миссия 17 нозири шаш давлати иштирокчии СҲШ аккредитатсия шудаанд. Онҳо дар Остона ва Вилояти Акмолин кор мекарданд, ба 102 участкаи интихоботӣ ташриф оварданд. Миссия фаъолияти баланди шаҳрвандӣ, касбияти аъзои комиссияҳои участкавӣ, инчунин иштироки фаъолонаи занон ва ҷавононро дар овоздиҳӣ қайд намуд. Қонуншиканиҳое, ки қонунияти интихоботро зери шубҳа мегузоранд, сабт нашудаанд.

“Миссия интихоботи гузаштаи вакилони Курултайро шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф мекунад. Онҳо қадами муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Қазоқистон гардиданд”, – изҳор дошт Т.Р. Мидхун.

Сурат: КМК назди Президенти ҶҚ