Қазоқистон ва Урдун дар Аммон барои амиқ намудани шарикии дуҷониба машваратҳои дипломатӣ доир намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Урдун дар Аммон барои амиқ намудани шарикии дуҷониба машваратҳои дипломатӣ доир намуданд

Аммон, 26 августи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар Пойтахти Урдун машваратҳои сиёсии байниминтақавӣ байни Қазоқистон ва Шоҳигарии Ҳашимии Урдун баргузор шуданд. Ҳайати Қазоқистонро муовини вазири корҳои хориҷии ҶҚ Арман Исагалиев, ҳайати урдунро котиби Генералии ВКХ-и кишвар Дайфалло Али Ал – Файёз роҳбарӣ намуд. Намояндагони Урдун ҷониби Қазоқистонро бо баргузории бомуваффақияти интихоботи Курултай табрик гуфта, аҳамияти онҳоро барои ислоҳоти сиесӣ дар ҷумҳурӣ қайд намуданд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дипломатҳо маҷмӯи қадамҳои амалиро оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, алоқаи ҳавоӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд. Блоки алоҳидаи масъалаҳо ба таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкории консулӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар майдончаҳои арсаи байналмилалӣ дар сохторҳои СММ, ОИС ва СВМДА бахшида шуда буд.

Илова бар ин, ҷонибҳо ба омодагӣ ба конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Инсоният дар давраи ҷанг”, ки санаи 7 декабри соли 2026 дар Урдун баргузор мешавад, дахл намуданд. Дар доираи сафар Арман Исагалиев инчунин бо намояндагони Дарбори Подшоҳӣ мулоқот намуд, ки дар он ҷо натиҷаҳои татбиқи созишномаҳоеро, ки дар натиҷаи сафарҳои мутақобилаи Президенти ҶҚ Қасим-Жомарт Токаев ва Шоҳи Урдун Абдулло II ба даст оварда шудаанд, ҷамъбаст намуд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ