Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар илму маориф афзоиш медиҳанд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар илму маориф афзоиш медиҳанд

Остона, 28 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон Саясат Нурбек бо Муовини раиси Кумитаи Фарҳанги Миллии Маҷлиси Озарбойҷон Гунай Эфендиева мулоқот намуд. Ҷонибҳо рушди робитаҳоро дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ баррасӣ намуданд.

Имрӯз 66 донишгоҳи олии Қазоқистон ва 51 донишгоҳи олии Озарбойҷон 206 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Онҳо мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таҳқиқоти муштарак, таҷрибаомӯзӣ ва лоиҳаҳои таълимиро дар бар мегиранд.

Дар нимсолаи аввали соли 2026 248 донишҷӯ аз Қазоқистон дар Донишгоҳҳои Озарбойҷон таҳсил менамуданд, 59 донишҷӯи дигари озарбойҷонӣ дар Қазоқистон таҳсил мекарданд. Дар айни замон, дар донишгоҳҳои олии Қазоқистон имрӯз 351 шаҳрванди Озарбойҷон таҳсил мекунанд.

Самти алоҳида барномаҳои дудипломӣ. Ду донишгоҳи олии қазоқистон дар якҷоягӣ бо донишгоҳи давлатии Боку чунин барномаҳоро аз рӯи бакалавриат ва магистратура амалӣ мекунанд. Ҳоло дар он 43 донишҷӯ иштирок мекунанд.

Саясат Нурбек қайд намуд: “вазифаи умумии мо фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои донишҷӯён ва муҳаққиқон тавассути таҳкими робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳои ду кишвар аст”.

Ҷонибҳо омодагии худро барои васеъ намудани ҳаракати академикӣ, таҳқиқоти муштарак ва лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ тасдиқ намуданд.

Аксҳо: ВИТО ҶҚ