Токаев номзадии Сарвазирро бо роҳбарони фраксияҳо муҳокима намуд - ИА Караван Инфо
Токаев номзадии Сарвазирро бо роҳбарони фраксияҳо муҳокима намуд

Остона, 01 сентябр соли 2026-АИ «Караван Инфо». Президент Қасим-Жомарт Токаев бо роҳбарони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Курултаи Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки тибқи моддаи 46 Конститутсияи нав бояд бо роҳбарони фраксияҳо оид ба номзадии Олжас Бектенов ба вазифаи Сарвазир машварат гузаронад.

“Машварат бо фраксияҳо як тартиби муҳим дар ташкили ҳайати нави Ҳукумат аст” гуфт Президент.

Дар вохӯрӣ роҳбарони фраксияҳои ҳизбҳои «Адилет» (Адолат), «Ауил» (Деҳа), Respublica (Ҷумҳурӣ), «Ақ жол» (Роҳи Дурахшон) ва ҳизби умумимиллии сотсиал-демократӣ иштирок намуданд.

Аксҳо: Акорда