Токаев бозиҳои Ҷаҳонии кӯчманчиёнро дар Бишкек кушод - ИА Караван Инфо
Токаев бозиҳои Ҷаҳонии кӯчманчиёнро дар Бишкек кушод

Остона, 01 сентябри соли 2026-АИ «Карван Инфо». Президент Қасим-Ҷомарт Токаев дар маросими ифтитоҳи бозиҳои VI Ҷаҳонии кӯчманчиён дар Бишкек иштирок намуд.

Мусобиқа аз санаи 31 август то 6 –уми сентябр дар вилояти Иссиқкӯл баргузор мешавад. Дар он тақрибан 3000 варзишгар аз зиёда аз 100 кишвар иштирок мекунанд, ки дар 43 ришта, аз ҷумла намудҳои миллии варзиши Қазоқистон рақобат мекунанд.

“Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён ҷашни варзиш, фарҳанг ва дӯстии халқҳо аст”, — қайд намуд Касим — Жомарт Токаев.

Қазоқистонро дар мусобиқаҳо зиёда аз 150 варзишгар дар ҳамаи 43 ришта намояндагӣ мекунанд.

 Аксҳо: Акорда