Пекин, 1 сентябри соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар маркази Фарҳангии Қазоқистон дар пойтахти Чин чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ бо иштироки рассомони маъруфи чинӣ ва устодони каллиграфия (санъати хатти зебо) баргузор шуд. Муаллифон асарҳои худро ба марказ ҳамчун нишонаи дӯстӣ ва рушди мубодилаи фарҳангӣ байни ду кишвар супориданд. Дар вохӯрӣ намояндагони Сафорати Қазоқистон дар ҶМЧ (Ҷумҳурии Мардумии Чин), ҷомеаи эҷодӣ ва доираҳои тиҷоратӣ низ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи барномаи “Каллиграфия ва рассомии Ҷаҳонӣ” ташкил намуда шудааст. Он ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаи Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.
Иштирокчиён бо фаъолияти маркази Фарҳангӣ, лоиҳаҳои маърифатии он, инчунин санъати анъанавӣ ва муосири Қазоқистон шинос шуданд. Дар навбати худ, устодони чинӣ асарҳои рассомии анъанавӣ ва каллиграфияро пешниҳод намуданд, ки сарват ва ҳувияти фарҳанги чинӣ инъикос мекунанд.
Аксҳо: Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҶҚ
