Душанбе, 04 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 3 сентябр қайд карда мешавад ва аз соли 2010 дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» расман муқаррар гардидааст, имсол мазмуни махсус пайдо мекунад.

Гвардияи миллӣ, ки аз як сохтори хурд то воҳиди мустақили пуриқтидори таъйиноти махсус роҳро тай кардааст, имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлатдорӣ баромад мекунад. Ин сохтор бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон тобеъ буда, ҷузъу томҳои он вазифаҳои калидиро ҷиҳати ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият иҷро менамоянд.
Таҷрибаи таърихии ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол аёнан собит сохт: ҳифзи соҳибихтиёрӣ, устувории институтсионалӣ ва сулҳу оромӣ бе неруҳои дорои иқтидори баланди ҷангӣ ва афсарону сарбозони ба Ватан содиқ ғайриимкон аст. Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъсиси сохторҳои низомии кишвар давра ба давра дар шароити ниҳоят мураккаби давлатсозӣ сурат гирифт.
Нуқтаи оғоз соли 1995 гардид, ки дар он Гвардияи Президентӣ, ки ҳамагӣ аз чор қисми ҳарбӣ иборат буд, таъсис дода шуд. Дар давраи озмоишҳои сангини шаҳрвандӣ ба дӯши он, мисли дигар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, рисолати таърихӣ оид ба ҳифзи давлати ҷавон аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла муқовимат бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии аз хориҷ идорашаванда афтод.

Марҳилаи сифатан нав соли 2004 оғоз ёфт, ки дар он Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин қарор заминаро барои ба стандартҳои муосири касбӣ гузаронидани хизмат ва густариши вазифаҳои афзалиятноки ин сохтор гузошт.
Заминаи ҳуқуқии фаъолияти ин воҳидро Қонуни ҶТ «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии соҳавӣ ташкил медиҳанд. Имрӯзҳо ҳайати шахсии гвардия дар ҳама минтақаҳои кишвар хизмати шабонарӯзиро сарбаландона пеш мебарад.
Ба зумраи вазифаҳои калидии дорои аҳамияти давлатӣ инҳо дохил мешаванд:
- Ҳифз ва ҳимояи иншооти махсусан муҳим ва стратегии давлатӣ;
- Таъмини амнияти шахсони олии расмии кишвар ва ҳайатҳои хориҷӣ;
- Иҷрои вазифаҳои протоколиву тантанавӣ, аз ҷумла баровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои расмии сатҳи олӣ.
Дар давоми 31 соли фаъолияти пурсамар ин воҳиди элитавӣ самаранокии баландро ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва махсус нишон дод. Барои ҷасорат ва хизмати намунавӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон надзикаш 350 нафар гвардиячиён бо ордену медалҳо ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Ғамхорӣ дар бораи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ афзалияти роҳбарияти кишвар боқӣ мемонад. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии васеи инфрасохтори сохтор сурат гирифт. Хонаҳои истиқоматии якошёна дар вилояти Суғд, бинои 4-ошёнаи истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт, бинои 2-ошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин нуқтаи муосири тиббӣ дар Маркази миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир мавриди истифода қарор гирифтанд.
Табдил ёфтани Гвардияи миллӣ аз чор қисми ҳарбӣ ба сохтори элитавии таъйиноти махсус самти умумии Тоҷикистонро ба таҳкими ниҳодҳои амнияти миллӣ инъикос менамояд.
Роҳе, ки Гвардияи миллӣ дар давоми се даҳсола тай кардааст, нишон медиҳад, ки чӣ тавр садоқат ба савганд ва дастгирии низомии давлат метавонад воҳиди ҳарбиро ба сипари тасхирнашавандаи соҳибихтиёрӣ табдил диҳад. Дар шароити таҳдидҳои муосири минтақавӣ Гвардияи миллии Тоҷикистон кафили асосии оромии шаҳрвандон ва дахлнопазирии сохтори давлатӣ боқӣ мемонад.
Акс: Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» / khovar.tj
