Душанбе, 08 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 7 сентябри соли 2026 дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи мардум корҳои бузург ба анҷом расонида шудаанд.
Қайд гардид, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар солҳои душвор, инчунин дар шароити шиддат гирифтани вазъи минтақа ва ҷаҳон қарзи ватандории худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Ба таъкиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон раванди бунёдкориву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, заминаҳои устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум таъмин гардид.
Аз ин рӯ, ҳифзи ин неъмати бебаҳо, гиромидошти Ватан ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.

Зикр шуд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлолро сарбаландона ҳимоя намуда, сулҳу субот ва амнияти ҷомеаро таъмин намоянд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мардуми шарафманди вилояти Суғд, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дар қатори тамоми сокинони кишвар дар роҳпаймоиҳои идона, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми бонангу номус, худшиносу ватандӯсти вилояти Суғд ва хизматчиёни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот минбаъд низ бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва хизмати софдилона дар таъмини сулҳу субот, ҳаёти осоишта, пешрафт ва шукуфоии Ватани маҳбуб саҳми арзанда мегузоранд.
Сипас, зери навои мусиқии тантанавии оркестри ҳарбӣ гузашти низомӣ оғоз гардида, 8619 нафар афсарону сарбозони Горнизони Суғд, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати захираҳои сафарбарӣ аз назди минбари фахрӣ гузаштанд.
Паради ҳарбӣ, ки бо тантанаву шукӯҳи хоси ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд, таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату самимияти низомиёни мо ба марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мебошад.

Дар чорабинии муҳими сиёсӣ роҳбарони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли зиё ва фаъолони вилоят иштирок намуданд.
Паради ҳарбӣ дар Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлолият рамзи равшани омодагии ҷангӣ, ватандӯстӣ ва ваҳдати сохторҳои қудратии вилояти Суғд бо халқ гардид.
Он пайвастагии анъанаҳои ҳимояи давлатдориро таъкид намуда, омодагии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро барои минбаъд низ саҳм гузоштан дар таъмини сулҳ, субот ва шукуфоии Тоҷикистон нишон дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
