Душанбе, 10 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Шумораи аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 метавонад ба 11 миллион нафар расад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори назар карданд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар охири соли 1991 дар Тоҷикистон 5 миллиону 360,9 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, пас то моҳи январи соли 2026 шумораи аҳолии кишвар ба 10 миллиону 720,8 ҳазор нафар расидааст.
Ҳамин тариқ, дар давраи соҳибистиқлолӣ иқтидори демографии кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар сурати нигоҳ доштани суръати кунунии афзоиши табиии аҳолӣ, интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ шумораи сокинони ҷумҳурӣ ба марзи 11 миллион нафар наздик шавад.
Тибқи маълумоти созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва дохилӣ, Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол мекунад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна тақрибан 2,2 фоиз, ё қариб 200 ҳазор нафар зиёд мешавад.
Динамикаи солҳои охир нишон медиҳад, ки афзоиши аҳолӣ яке аз равандҳои устувори рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Ҳамзамон, афзоиши шумораи аҳолӣ дар назди давлат талаботи иловагӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, васеъ намудани хизматрасониҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикиро ба миён мегузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди нишондиҳандаҳои демографӣ инчунин дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таваҷҷуҳ карда буданд. Сарвари давлат он вақт таъкид намуданд, ки шумораи аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафар дар соли 2015 то 10,7 миллион нафар дар соли 2025 афзоиш ёфта, 26 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамзамон, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Президент, дар ҳамин давра нишондиҳандаи умри миёнаи аҳолӣ аз 70 то 77 сол афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, наздик шудани шумораи аҳолии Тоҷикистон ба нишондоди 11 миллион нафар ба яке аз муҳимтарин натиҷаҳои демографии давраи соҳибистиқлолии давлатӣ табдил меёбад. Ин раванд ҳамзамон миқёси вазифаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори кишварро боз ҳам бештар таъкид менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
