Душанбе, 21 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Сарвари давлат цехи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко Инвест»-ро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон» бунёд гардидааст, ба истифода дод.
Цехи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд шудааст. Иқтидори истеҳсолии объект имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз то 200 тонна ашёи хом коркард карда шавад. Иқтидори солона то 70 ҳазор тонна коркарди зироатҳои равғандорро ташкил медиҳад.
Дар корхона се хати асосии истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки дар доираи комплекси ягона равандҳои гирифтани равған, коркарди он ва рехтани маҳсулоти тайёр ба зарфҳоро анҷом медиҳанд. Дар маҷмуъ цех дорои панҷ хати истеҳсолӣ мебошад. Равандҳои истеҳсолӣ автоматӣ буда, бо истифодаи технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои муқарраршуда сурат мегиранд.

Маҳсулоти асосии цех равғани офтобпараст, пахта ва омехтаи равғани растанӣ мебошад. Маҳсулот бо номи тиҷоратии «Равғани Анко Инвест» ба бозорҳои ҷумҳурӣ расонида шуда, вобаста ба эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон дар зарфҳои як, ду, се ва панҷ литр бастабандӣ мешавад.
Таъсиси цехи нав ба пайдоиши ҷойҳои корӣ мусоидат кард. Дар давраи сохтмони объект 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Ҳоло дар цех зиёда аз 20 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд. Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳо имкониятҳо барои эҷоди ҷойҳои нави корӣ васеъ мегарданд.
Тибқи имкониятҳои истеҳсолӣ, бо пурборкунии пурра корхона метавонад то 30 фоизи эҳтиёҷоти бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои назарраси цех дар самти рушди истеҳсоли ватанӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ашёи хом барои цех асосан аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамин тариқ, дар дохили кишвар занҷираи муҳими истеҳсолӣ — аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва бастабандии маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкоронро баланд арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки бунёди чунин корхонаҳо шароити мусоидро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти молҳои тайёр фароҳам меорад.
Ба истифода додани цехи истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадами навбатӣ дар татбиқи сиёсати дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ, рушди саноати коркард ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Акс: АМИТ «Ховар»
