Душанбе, 22 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро ба истифода дод.

Объект аз ҳафт ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Беморхона барои қабул ва табобати якбораи 200 нафар бемор пешбинӣ шудааст. Дар он шуъбаҳои махсуси иловагӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасони нав эҷод гардидаанд, ки сифати хизматрасонии тиббиро барои беморони ниёзманд ба таври назаррас баланд бардоштааст.
Таҷҳизонидани беморхона бо таҷҳизоти муосири тиббӣ шароити мусоидро барои кори самараноки мутахассисон фароҳам овардааст. Илова ба блоки табобатӣ, дар бинои нав шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои муҳими илмӣ ва таълимӣ эҷод шудааст. Дар ин ҷо кабинетҳои махсуси таълимӣ, толор барои гузаронидани конфронсҳо ва машғулиятҳои амалӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Дар ҷараёни шинос шудан бо шароити бинои нав Пешвои миллат сифати корҳои сохтмониро баланд арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки давлат ҳамеша ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, махсусан кӯдакон ва наврасон, таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Ҳифзи саломатии кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, пояи мустаҳкамро барои таъмини саломатии насли наврас, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ ва ташаккули ҷомеаи солим фароҳам меорад.

Бинои нав бо назардошти талаботи муосири соҳаи тандурустӣ фаъолиятро оғоз карда, имкониятҳои заруриро барои қабули беморон, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ, ташхиси саривақтӣ ва анҷом додани табобати зарурӣ фароҳам меорад.
Эҷоди 120 ҷойи корӣ дар муассиса низ шароити заруриро барои ҷалби мутахассисони соҳа ва таъмини шароити мусоид барои фаъолияти кормандони тиббӣ фароҳам меорад.
Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд ҳамчун қадами навбатӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Ба истифода додани объекти муосири тиббӣ дар Хуҷанд сиёсати пайвастаи давлатро ҷиҳати таҳкими низоми ҳифзи саломатии кӯдакон ва васеъ кардани дастрасии кӯмаки тиббии босифат дар минтақаҳои кишвар тасдиқ менамояд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
