Душанбе, 24 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои масъули соҳаи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Тавре зимни ҷаласа зикр гардид, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона байни давлатҳои иштирокчии ИДМ аҳамияти муҳим дошта, ба ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, афзоиши гардиши сайёҳон, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори соҳа мусоидат менамояд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни суханронии худ нақши ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии минтақа муҳим арзёбӣ намуда, аз дастовардҳо ва иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳа ёдовар шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар бахши сайёҳӣ, рушди маҳсулот ва хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, рақамикунонии соҳа, ҷалби сармоягузорӣ, мубодилаи таҷриба ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин иштирокчиён доир ба рушди намудҳои афзалиятноки сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии фарҳангӣ-таърихӣ, экологӣ, кӯҳӣ, варзишӣ ва деҳотӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди сайёҳии минтақавӣ изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Душанбе барои густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, табодули таҷриба ва муайян намудани самтҳои нави рушди соҳаи сайёҳӣ дар фазои Иттиҳод заминаи мусоид фароҳам меорад.

Акс: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
