Душанбе, 25 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе Панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) ба кори худ оғоз кард.

Форуми мазкур бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шуда, намояндагони ҷомеаи интернетӣ, операторон ва провайдерони хизматрасонии интернет, мақомоти давлатӣ ва сохторҳои танзимкунанда, нуқтаҳои мубодилаи трафики интернет ва коршиносони техникии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро ба ҳам овард.
Форум рӯзҳои 24–25 сентябр дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» баргузор мешавад. Ташкилкунандаи он Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (RIPE NCC) буда, чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Тоҷиктелеком» ва бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Меҳвари асосии рӯзномаи CAPIF-5 ба рушди инфрасохтори муосири интернет ва таҳкими пайвастшавии рақамӣ дар минтақа бахшида шудааст. Дар давоми ду рӯз иштирокчиён як қатор муҳокимаҳои панелиро баргузор намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтори шабакавӣ, мубодилаи трафики интернет, баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо, густариши пайвастҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамкориҳои касбии кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

Ба муҳокимаи роҳҳалҳои техникӣ ва инфрасохторӣ, ки метавонанд ба ҳамкории муассиртари шабакаҳои интернетӣ мусоидат намоянд, низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Барои Осиёи Марказӣ, ки рушди хизматрасониҳои рақамӣ ба устувории пайвастҳои фаромарзӣ ва сифати инфрасохтори шабакавӣ вобастагии мустақим дорад, чунин майдонҳои касбӣ имкони муқоисаи таҷрибаҳои техникӣ ва табодули таҷрибаи амалӣ фароҳам меоранд.
Баргузории CAPIF-5 дар Душанбе ҳамчунин барои муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамӣ дар назди ҷомеаи байналмилалии касбӣ замина фароҳам месозад. Барқарор намудани робитаҳои нави касбӣ ва рушди ҳамкорӣ миёни операторон, коршиносони техникӣ, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи интернетӣ аз ҳадафҳои муҳими форум ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, форуми имсола на танҳо ба баррасии масъалаҳои техникии ҳамкории шабакаҳои интернетӣ, балки ба муҳокимаи вазифаҳои васеътар оид ба таҳкими пайвастшавии рақамӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст.
АКС: Радиои “Садои Душанбе”
