Душанбе, 25 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Форуми сатҳи баланди рушди минтақавӣ ва сармоягузорӣ таҳти унвони «Фардои шукуфон ба воситаи сулҳ: Сармоягузорӣ ба масири тиҷоратии Транс-Каспий ва TRIPP» суҳбати кутоҳи сарироҳии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Завқи Завқизода бо Фиристодаи махсуси Президенти ИМА оид ба миссияҳои сулҳ Стивен Виткофф ва Сенатори амрикоӣ, ҳамраиси гурӯҳи муштараки Сенат оид ба Осиёи Марказӣ Стив Дейнс баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрии кутоҳ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дутарафаи иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд.
Форуме, ки дар ҳошияи он суҳбат сурат гирифт, ба дурнамои рушди масири Транс-Каспий ва ташаббусҳои сармоягузории марбут ба он бахшида шудааст. Иштироки сафири тоҷик дар чунин чорабиниҳо манфиатдории Душанберо дар таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва рушди лоиҳаҳои нақлиётӣ ва логистикии минтақавӣ инъикос менамояд.
Муколамаи кутоҳ дар ҳошияи форуми байналмилалӣ хусусияти амалии робитаҳои байни намояндагони Тоҷикистон ва ИМА-ро тасдиқ мекунад, ки ба ҷустуҷӯи самтҳои мушаххаси ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи иқтисод равона гардидааст.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА
