Душанбе, 25 сентябр — АИ «Корвон Иттилоот». 22 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ню-Йорк Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон аз иёлатҳои Ню-Йорк, Ню-Ҷерсӣ ва Пенсилвания вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти ҷомеаи тоҷикон, густариши ҳамкории Сафорат бо ҳамватанон ва масъалаҳои консулӣ баррасӣ шуданд.
Сафир таъкид намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони бурунмарзӣ, бахусус намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар ИМА, таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сафорат дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мунтазам тадбирҳои дахлдор меандешад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин зикр гардид, ки ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, дар натиҷаи сиёсати роҳбарони ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп — ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар самтҳои гуногун рушд ёфта, барои фаъолияти ҷомеаи тоҷикон дар Амрико шароити мусоид фароҳам овардааст.
Намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар ИМА оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамватанон ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда бо Сафорат андешаҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли ҳамватанон дар чорабиниҳои марбут ба муаррифии таърих ва фарҳанги тоҷикон, ҳифз ва тарғиби забони тоҷикӣ, инчунин густариши робитаҳо миёни намояндагони ҷомеаи тоҷикон пешниҳод гардиданд.
Сафир пешниҳодҳои шаҳрвандонро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди робитаҳои доимӣ бо ҷомеаи тоҷикон ва дастгирии ташаббусҳои созанда ва барои ҷомеа судманди онҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Дар ин замина, зарурати иштироки фаъолонаи ҳамватанон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги ғании тоҷикон ва дастовардҳои Тоҷикистон низ таъкид гардид.
Бо истифода аз фурсат Сафир ҳамватанони бурунмарзиро бори дигар ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, некрӯзӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу кард.
Вохӯрӣ аҳамияти ҳамкории мунтазам ва низомманди Сафорат бо ҷомеаи тоҷиконро нишон дода, масъалаҳои ҳифзи анъанаҳои миллӣ, таҳкими робита бо Ватан ва иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ дар муаррифии таърих, фарҳанг ва дастовардҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишварро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА
