Душанбе, 24 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Dushanbe-2026 ифтитоҳ гардид. Ин чорабинӣ ба як майдони муҳим барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, рушди робитаҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳа табдил ёфтааст.

Дар намоишгоҳи имсола беш аз 115 ширкату ташкилот аз ҷумла намояндагони 22 кишвари хориҷӣ иштирок доранд. Дар миёни иштирокдорон ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, сармоягузорон, намояндагони шаҳрҳои бародаршаҳр, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ қарор доранд.

Дар намоишгоҳ доираи васеи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва фароғатии кишвар, инчунин маҳсулоту хизматрасониҳои сайёҳии ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ муаррифӣ мешаванд.

Яке аз ҳадафҳои калидии намоишгоҳ ташаккули роҳҳои нави ҳамкорӣ миёни иштирокдорони бозори сайёҳӣ мебошад.
Дар доираи барномаи корӣ баргузории мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба дар формати B2B, мастер-классҳо барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дигар чорабиниҳои соҳавӣ пешбинӣ шудааст. Ба роҳандозии робитаҳои нави тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои мавҷуда ва баррасии санадҳои ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Намоишгоҳ ҳамзамон ба фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сайёҳӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, он на танҳо ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, балки ҳамчун воситаи рушди ҳамкориҳои соҳибкорӣ ва иқтисодӣ дар соҳа аҳамият дорад.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Dushanbe-2026 аз 24 то 26 сентябр идома меёбад. Рӯзи 24 сентябр намоишгоҳ аз соати 14:00 то 17:00 ва рӯзҳои 25 ва 26 сентябр аз соати 09:00 то 17:00 барои боздид боз аст.

Ин сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ мебошад, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Нахустин намоишгоҳ соли 2024 бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Солҳои 2025 ва 2026 чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» баргузор мешавад.
Баргузории мунтазами чунин намоишгоҳҳо барои эҷоди як майдони доимии муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, густариши робитаҳои касбӣ ва пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

Дар дурнамо чунин чорабиниҳои соҳавӣ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, сармоягузорӣ ва рушди маҳсулоти нави сайёҳӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меоранд.
АКС: НИАТ «Ховар»
