Душанбе, 28 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ се корхонаи нави саноатиро ба истифода дод. Фаъолияти иншоотҳои бо технологияҳои муосир ҷиҳозонидашуда ба коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли мебел ва масолеҳи сохтмонӣ равона гардидааст.

Дар корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коим» пас аз коркарди сабзавоту меваҳо шарбат, мураббо ва пастаи помидор истеҳсол мешавад. Корхона аз ҷониби соҳибкор Мурод Коимдодзода бунёд гардида, дар он 12 ҷойи корӣ барои сокинони маҳаллӣ фароҳам оварда шудааст.
Маҳсулот бо тамғаи тиҷоратии «Самари кӯҳсор» ба бозор пешниҳод мегардад. Роҳбарияти корхона ният дорад бо хоҷагиҳои ба истеҳсоли меваю сабзавот машғулбуда шартномаҳои дуҷониба бандад ва ба таъмини ашёи хом мусоидат намояд.

Дар оянда маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон харидорӣ карда мешавад, ки ин воситаи самаранок барои пешгирии талафоти натиҷаҳои меҳнати деҳқонон, зиёд кардани даромади хоҷагиҳо ва эҷоди имконият барои истеҳсоли маҳсулоти сифатноки табиӣ хоҳад шуд. Дар оянда дар корхонаи «Коим» бо истифодаи имкониятҳои иловагии технологияи ҷорӣшуда коркарди облепиха ва истеҳсоли равған ва шарбат аз он, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷавон консервабании сабзавот ба роҳ монда мешавад.
Пешвои миллат дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ба роҳбарони сохторҳои дахлдор, кормандон ва мутахассисон ба истифодаи самараноки захираҳои табиии минтақаи кӯҳӣ, бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳо, омӯзиши талаботи истеъмолӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли рақобатпазири саноатӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бозор таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Президенти кишвар инчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир экомебел» шинос шуд. Дар корхонаи истеҳсоли мебел 6 дастгоҳи муосир насб гардидааст, ки идоракунии онҳо бо истифодаи технологияҳои рақамӣ сурат мегирад. Шкафҳо, мизҳо ва курсӣ барои ошхонаҳо, кабинетҳои корӣ ва хобгоҳҳо дар шаклҳо ва андозаҳои гуногун тибқи фармоиши муштариён истеҳсол мешаванд.

Дар корхона 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд ва вобаста ба афзоиши талабот ба маҳсулот шумораи кормандон зиёд карда мешавад.
Таҷрибаи ғании соҳаи коркарди чӯб, шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дастгирии Ҳукумати кишвар ба соҳибкор Шогунбек Акимбек имкон дод, ки бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулотро мутобиқи талаботи замона ба роҳ монад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ инчунин корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмониро ба истифода дод.
Дар корхона бо назардошти эҳтиёҷоти бозор дарҳо ва тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол мешаванд. Истеҳсоли маҳсулот бо истифодаи 4 дастгоҳи муосир сурат мегирад. Дар оянда вобаста ба эҳтиёҷоти бозор насби боз 2 дастгоҳ ва ба роҳ мондани истеҳсоли мехҳои сохтмонӣ ва дастпӯшҳо пешбинӣ шудааст. Корхона аз ҷониби соҳибкор Воҳид Искандар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ бунёд гардидааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дар 5 соли охир, дар шаҳри Хоруғ 46 цех ва корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, дар онҳо 300 ҷойи кории нав фароҳам оварда шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии корхонаҳо ба 72 расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатиро дар Хоруғ дар маҷмӯъ ҳамчун далели рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуда, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ва соҳибкорон супориш дод, ки имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумат пешниҳодшавандаро фаъолтар истифода баранд, сармоягузории хориҷӣ ҷалб намоянд, технологияҳои муосирро ҷорӣ кунанд, корхонаҳои саноатиро эҷод ва барқарор намоянд, инчунин истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотиро зиёд кунанд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
