Ҳомиёни фарҳанги оиладорӣ: дар Леваканд марҳилаи вилоятии озмуни «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Ҳомиёни фарҳанги оиладорӣ: дар Леваканд марҳилаи вилоятии озмуни «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид

Душанбе, 01 октябр — АИ «Корвон Иттилоот». Мустаҳкам намудани пояҳои оила, баланд бардоштани фарҳанги муносибатҳои оилавӣ ва таҳкими пайванди наслҳо аз самтҳои муҳими корҳои маърифативу фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар доираи ҳамин ҳадафҳо 30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Леваканд марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» бо иштироки намояндагони 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Маҳалли баргузории чорабинӣ Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Леваканд»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буд.

Пеш аз оғози барномаи озмун намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Леваканд аз дастовардҳои занону бонувон ва таҷрибаи оилаҳои намунавии шаҳр шинос шуданд.

Дар доираи озмун иштирокчиён маҳорати ҳунарӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, кадбонугӣ, фарҳанги оиладорӣ, риояи урфу одатҳои миллӣ ва дигар қобилиятҳои худро пешкаши ҳайати ҳакамон карданд.

Аз ҷумла, дар барномаи озмун омода кардани таомҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои дастӣ, муаррифии либосҳои миллӣ ва пешниҳоди дигар намунаҳои маҳорати рӯзгордорӣ мавқеи муҳим доштанд. Иштирокчиён ҳамзамон дониши худро дар бораи суннатҳои миллӣ ва таҷрибаи муносибатҳои солими оилавӣ нишон доданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ зимни суханрониҳои худ нақши зан-модар ва хушдоманро дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои неки ниёгон ва таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳайати ҳакамон натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст намуда, ғолибон ва иштирокдорони фаъолро бо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.

АКС: Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон