Дар Кирмоншоҳ нахустин фестивали байналмилалии хондани «Шоҳнома» баргузор шуд - ИА Караван Инфо
Дар Кирмоншоҳ нахустин фестивали байналмилалии хондани «Шоҳнома» баргузор шуд

Дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон нахустин Фестивали байналмилалӣ, бахшида ба хондани «Шоҳнома»-и бузурги Фирдавсӣ баргузор гардид. Аз меҳмонони ифтихории ин чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ буд.

Дар суханронии худ Низомиддин Зоҳидӣ нақши муҳимми «Шоҳнома»-ро дар ташаккули худшиносии миллии халқҳои ориёӣ таъкид намуд. Ӯ ин асари беназирро ҳамчун «энсиклопедияи таърих, адабиёт, ақл ва хирад» тавсиф кард, ки дар тӯли асрҳо аз насл ба насл гузашта, рӯҳ ва дастовардҳои тамаддунии ниёгонро ҳифз намудааст.

Илова бар ин, сафир ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол дар кишвар озмуни хондани «Шоҳнома» баргузор мешавад. Ин озмун шумораи зиёди иштирокчиёнро, аз ҷумла наврасон ва ҷавононро ҷалб мекунад, ки ин нишони эҳтироми амиқ ва таваҷҷуҳи бардавом ба ин шоҳкори адабиёти ҷаҳонӣ мебошад.

Акс: Сафорати Ҷумхурии Точикистон дар Эрон

error: