Душанбе, 13 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар охири моҳи сентябри соли 2026 дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳи офтобии иқтидори 3 МВт ба таври расмӣ ба истифода дода шуд. Иншоот аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи дурдаст ба кор андохта шуд. Инро хадамоти матбуотии ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» хабар медиҳад.

Сохтмони неругоҳ аз ҷониби ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) дар чаҳорчӯбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея амалӣ гардид. Корҳо аз моҳи июни соли 2025 оғоз ёфта, дар давоми як сол ба анҷом расонида шуданд.
Неругоҳи офтобӣ дар баландии 2600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳати чор гектарро ишғол мекунад. Дар иншоот 4752 панели фотоэлектрикии дутарафа ва 10 инвертори риштавӣ насб карда шудаанд. Ба ҳайати инфрасохтор инчунин зеристгоҳи трансформатории комплектии шиддати 0,8/35 кВ бо зеристгоҳи болобардории дарунсохт ва низоми захираи энергия бо иқтидори 500 кВт·соат дохил мешаванд.
Неругоҳ бо низоми мониторинг ва идоракунии дурдаст муҷаҳҳаз гардидааст, ки имкон медиҳад кори таҷҳизот бе зарурати ҳузури доимии кормандони хизматрасон назорат карда шавад.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншоот марҳилаи навбатии рушди энергетикаи барқароршаванда дар ВМКБ гардид. Лоиҳа ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақа ва васеъ намудани истифодаи манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия нигаронида шудааст. Амалисозии неругоҳи офтобӣ дар минтақаи баландкӯҳ имкониятҳои самараноки истифодаи захираҳои барқароршавандаро дар шароити мураккаби иқлимӣ ва ҷуғрофӣ нишон медиҳад. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар ин самт ба интиқоли технологияҳои муосир ва таҳкими амнияти энергетикии ноҳияҳои дурдасти кишвар мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуотии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж»
